Ҷасади 50 шаҳраванди Тоҷикистон тавассути мошини махсус аз Россия ба Ватан интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 июн 50 ҷасади ҳамватанони марҳум тавассути мошини махсус аз Россия ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад.
Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳамватаноне, ки дар амали хайрхоҳона бо Намояндагии дипломатӣ дар ҳамкорӣ буданд, изҳори ташаккур ва миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти соҳавии давлатҳое, ки аз қаламравашон интиқоли ҷасадҳо сурат мегирад, дархостҳои расмӣ ва дигар корҳои ҳуҷҷатгузорӣ фаврӣ анҷом дода шуд.
«Намояндагии дипломатии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россияро мавриди пайгирии ҳамешагӣ қарор дода, ба маҳзи беҳтар шудани вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар кишварҳои минтақа, роҷеъ ба барқарор гардидани имкониятҳо барои рафтуомади шаҳрвандон иттилоъ хоҳад дод»,- хабар медиҳад манбаъ.
АКС аз бойгонӣ








ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!






