ФУТБОЛ: «Хатлон» ва «Куктош» бар рақибонашон ғолиб омаданд

Июнь 18, 2020 09:54

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз ду бозии  даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, «Душанбе-83»-и Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар ва «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  дар  Варзишгоҳҳои  мамлакатамон  бо як шукуҳу  шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар  сабқати  аввал  дастаи «Хатлон» бо бартари 1:0 дастаи  футболи  «Душанбе-83»-ро  мағлуб намуд. Дар рақобати  дуюм бошад, дастаи «Куктош» бар  тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

 «Хатлон» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Умарҷон   Шарипов, 70.

17 июн. Бохтар. Варзишгоҳи  «Пахтакор».

«Куктош» – «Локомотив-Памир» – 1:0

Гол: Муҳсинҷон  Абдуғаффоров, 35.

17 июн. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи  «Нефтяник».

Хотиррасон  мешавем, ки 16 июни соли равон, дар доираи рақобатҳои даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ якбора се вохӯрӣ баргузор шуд. Бозии асосии ин давр вохӯри дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода ва  «Истиқлол»-и Душанбе ба шумор мерафт, ки бозии мазкур бо натиҷаи калони 6:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт.

Рақобати дигар байни дастаҳои футболи  «Истаравшан» ва «Хуҷанд»-и Хӯҷанд бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони шаҳри  «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 аз дастаи рақиб мағлуб гардиданд. Вохӯрии дигар бошад, миёни дастаҳои КМВА ва «Файзканд»  доир шуд. Ин дидори ҷолбу диданӣ  бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳамакнун бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳар даста то охири мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:6

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 28 (0:1). Шериддин Бобоев, 36 (0:2). Оятулло Сафаров, 60 (1:2). Алишер Ҷалилов, 61 (1:3). Ваҳит Оразсахедов, 76 (1:4). Муҳаммаҷон Раҳимов, 78 (1:5). Рустам Соиров, 87 (1:6).

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (1:0). Амирҷон Сафаров, 62 (1:1). Ойбек Абдуғаффоров, 78 – аз пеналти (1:2).

КМВА – «Файзканд» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 57 (1:0). Фахриддин Сафарзода, 72 (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).

«Локомотив-Памир» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 30 (0:1). Худойдод Узоқов, 38 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 59 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 82 (2:3).

 «Душанбе-83» – КМВА – 2:1

Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).

Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.

Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

  Ҷ       ДАСТАҲО Б Ғ М Б
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 4 1 0 23-4 13
2 «Хатлон» (Бохтар) 5 4 1 0 11-7 13
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 3 1 1 10-7 10
4 «Файзканд» (Восеъ) 5 2 3 0 8-6 9
5 «Куктош» (Рӯдакӯ) 5 2 2 1 6-7 8
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 5 1 1 3 6-9 4
7 КМВА (Душанбе) 5 1 1 3 6-9 4
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 1 1 3 8-12 4
9 «Душанбе-83» (Душанбе) 5 1 1 3 2-10 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 0 5 4-13 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол») – 4 тӯб,  Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)  Илҳом Баротов («Истаравшан»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) 3-тӯбӣ.

Июнь 18, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад