Сарбозону афсарони Тоҷикистон дар гузашти низомии тантанавӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Москва ширкат меварзанд

Июнь 9, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашти низомии ҷашнӣ бахшида ба иди Рӯзи Ғалаба, ки дар майдони Сурхи Москва баргузор мешавад, ширкат меварзанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Звезда» иттилоъ дода буд, дар гузашти низомӣ беш аз 14 ҳазор нафар, тақрибан 300 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ, аз ҷумла беш аз 100 ҳавопаймо ширкат мекунанд. Аз майдони Сурх дар баробари низомиёни рус ҳамчунин низомиёни хориҷӣ  мегузаранд.

Дар маросими тантанавӣ дар майдони Сурх қатори сафи Тоҷикистон иборат аз 75 хизматчии ҳарбӣ, ки ба он курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозон ва афсарони баталони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, бо роҳбарии подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода мегузарад.

Тавре котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зикр намуд, хизматчиёни ҳарбии зикршуда солҳои пеш дар тамоми парадҳои тантанавӣ берун аз кишвар иштирок карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки гузашти низомӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба бар фашизм 24 июни соли 2020 дар пойтахти Россия доир мегардад. Маҳз дар ин рӯз, 75 сол қабл, 24 июни соли 1945, аввалин гузашти низомӣ ба ифтихори Ғалаба дар Майдони Сурхи Москва баргузор шуда буд. Онро Константин Рокоссовский фармондеҳӣ карда, Георгий Жуков қабул намуда буд.

ДАР АКС: низомиёни Тоҷикистон дар майдони Сурхи Москва 9 майи соли 2015 ҳангоми гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба. Акс аз бойгонӣ.

Июнь 9, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон