СУТ: Анқариб ба се ваксини COVID-19 иҷозаи оғози марҳилаи ниҳоии озмоишҳои клиникӣ дода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон олимони тамоми ҷаҳон озмоишҳои клиникии тақрибан 300 ваксинаро гузаронида истодаанд, ки аз он ҷумла, сетои онҳо марҳилаҳои аввали таҳқиқотро бомуваффақият гузаштаанд ва мумкин аст, ки дар ояндаи наздик ба марҳилаи ниҳоии озмоиш роҳ ёбанд. Чуноне ки АМИТ «Ховар» бо истинод аз Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, дар ин хусус корманди пешбари илмии СУТ Суми Сваминатан дирӯз, 18 июн зимни брифинг дар Женева иттилоъ дод. Вай иброз намуд:
«Мо ба марҳилаи нав, яъне сеюми санҷиши ваксин шурӯъ мекунем. Пас аз хатми он, мо метавонем аниқ бигӯем, ки ваксин то чӣ андоза муассир ва безарар аст.» Вай гуфт, ки аз натиҷаҳои санҷиш хушбин аст, вале ҳушдор дод, ки ин раванди хеле мураккаб аст ва ҳоло пурра ба муваффақияти боварӣ доштан ғайри имкон аст. «Хабари хуш ин аст, ки мо якчанд ваксинаи номзад дорем», — илова намуд ӯ. Агар яке аз онҳо ҳама санҷишҳоро бомуваффақият гузарад, пас то охири соли равон дар бозор садҳо миллион вояи як ё якчанд ваксина пайдо хоҳад шуд.
Эҳтимолан боз миллиардҳо воя дар соли 2021 таҳия мешавад. Ва ин ҷо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ саволе ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, ки тамоми эҳтиёҷмандон эм карда шаванд.
«Мо замоне ба ин кор муваффақ мешавем, ки ҳамаи кишварҳо муттаҳид шаванд», — қайд намуд намояндаи СУТ.
“Биёед тасаввур кунем, ки дар охири сол мо панҷоҳ ё сад миллион воя хоҳем дошт. Онҳо чӣ гуна бояд тақсим шаванд? Оё одилона аст, агар кишварҳое, ки коркарди ваксинаҳоро сармоягузорӣ намудаанд ва ё қобилияти харидории онҳоро доранд, ба эмкунии аҳолии худ шурӯъ намоянд”? – пурсид ӯ.
СУТ пешниҳод мекунад, ки бояд гурӯҳҳои афзалиятнок муайян карда шаванд. «Инҳо одамоне мебошанд, ки дар сафи пеши мубориза алайҳи пандемия қарор доранд — ронандагони автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ, аъзоёни бригадаҳои кумаки таъҷилии тиббӣ ва дигар табибон» — қайд кард Сумяв Сваминатан.
«Инчунин кормандони политсия, мағозаҳои хӯрокворӣ ва беҳдоштӣ — ҳамаи онҳое, ки бештар ба хатар мувоҷеҳ мебошанд. СУТ ба ин назар аст, ки пиронсолон ва инчунин ашхосе, ки гирифтори касалиҳои фишорбаландӣ, диабет ва дементсия мебошанд бояд дар қатори аввалинҳо эм карда шаванд. Сваминатан аз хуруҷи марговари COVID-19 дар маҳбасҳо, хонаҳои пиронсолон ва дар байни сокинони маҳаллаҳои камбизоатон ёдовар шуд. СУТ боварӣ дорад, ки ин гурӯҳҳои аҳолӣ низ бояд ба рӯйхати афзалиятҳо шомил карда шаванд.
ДАР АКС: беморони гирифтори COVID-19 дар яке аз беморхонаҳои Мадрид, Испания АКСИ Л.Изгердо








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






