СУТ: Саломатии аксари беморони ба COVID-19 гирифторшуда комилан барқарор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аксари бемороне, ки гирифтори COVID-19 гаштаанд, комилан шифо хоҳанд ёфт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ коршиноси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Мария ван Керкхове изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ба гуфти коршинос, аллакай миллионҳо нафар беморон пас за сирояти коронавирус тавонистанд саломатии худро комилан барқарор намоянд. «Мо ҳолати онҳоро зери назорати доимии худ қарор додаем», — гуфт Мария ван Керкхове.
Коршинос чунин ибрози назар кард: «Айни ҳол мо медонем, ки аксари беморони шифоёфта бе эҳсоси оқибатҳои беморӣ саломатиашонро барқарор намудаанд». Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, бемороне, ки дучори илтиҳоби шадиди шуш ва ё заҳролудшавии ҷисм гаштаанд, нисбатан дертар шифо хоҳанд ёфт.
Мария ван Керкхове чунин изҳор дошт: «Вазъи саломатии ин гуна беморонро мо ҳамеша назорат хоҳем кард». Ӯ ба он изҳори умед намуд, ки СУТ дар оянда оид ба ин мавзӯи муҳим иттилооти муназзамшударо пешниҳод менамояд.
ДАР АКС: Бинои СУТ. Акс аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






