Шурӯъ аз моҳи сентябр дар Тоҷикистон маош, нафақа ва стипендия зиёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шурӯъ аз 1 сентябри соли равон дар Тоҷикистон музди меҳнат, нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз дар нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки маблағҳо барои зиёд намудани музди меҳнат, нафақа ва стипендия дар ҷумҳурӣ дар нақшаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 пешбинӣ гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2019 пешниҳод намуда буданд, ки нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 — сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, аз 1 сентябри соли 2020 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад. Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.
Инчунин аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд гардида, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






