Бар асари пандемия ба Афғонистон ва боз 26 мамлакати ҷаҳон хатари буҳрони ғизоӣ таҳдид менамояд
ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони Ташкилоти хӯрокворӣ ва кишоварзии (ТХК) СММ ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) 27 кишварро муайян карданд, ки вазъияти амнияти озуқавории онҳо аз сабаби пандемия метавонад ба таври назаррас бадтар шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТХК хабар дод.
Ба ин кишварҳо Афғонистон, Бангладеш, Гаити, Венесуэла, Ироқ, Ливан, Судон, Сурия, Буркина Фасо, Камерун, Либерия, Малӣ, Нигер, Нигерия, Мозамбик, Серра-Леоне ва Зимбабве дохил мебошанд.
Ҳамзамон зикр карда мешавад, ки қимати маводи хӯрокворӣ дар Афғонистон дар заминаи коҳиши даромади хонаводаҳо ба асари пандемия қариб 20% зиёд шудааст. Пайомадҳои иқтисодии буҳрон дар Бангладеш метавонанд шумораи одамони камбизоатро тақрибан дучанд кунанд. Дар кишварҳои Африка офатҳои табиӣ ва ҳамлаи малахҳо вазъиятро шадидтар менамоянд, мегӯянд коршиносон.Барои муқовимат бо ин равандҳо ТХК дубора дар хусуси афзоиши кумаки зарурӣ то 428.5 миллион доллар мутобиқи Нақшаи башардӯстона ва сартосарии СММ оид ба аксуламал бо пандемия эълом намуд.Мувофиқи пешгӯиҳои ТХК, ба асари пандемия ва чораҳои маҳдудкунандаи вобаста ба он шумораи одамони мубталои гуруснагӣ дар ҷаҳон метавонад ба 132 миллион нафар бирасад. Тибқи арзёбиҳои WFP, шумораи мазкур метавонад ду баробар зиёдтар бошад. Инҷо аслан сухан дар бораи кишварҳои осебпазир, яъне нуқтаҳои доғи гуруснагӣ меравад.
АКС аз манобеи боз








Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд






