Бонувони соҳибтаҷрибаи Фархор ба хоҳишмандон тарзи тайёр намудани консерваҳоро аз меваю сабзавот меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хӯрока ба роҳ монда шудааст. Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия курсҳои кутоҳмудатии омӯзиширо ташкил кардаанд, ки дар онҳо бонувони соҳибтаҷриба ба хоҳишмандон дар шароити хона тарзи тайёр намудани шарбат ва консервакунонии меваю сабзавотро меомӯзонанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мутахасисон ба бонувон тарзи дуруст тайёр намудани консерваю мураббо ва афшураи меваҷотро омӯхта, инчунин ба онҳо ҷиҳати фоидабахшӣ ва ғизонокии онҳо маълумот медиҳанд.
Тавре зикр шуд, дар консерваҳои сабзавотии табиӣ ба ғайр аз об, ба онҳо барои беҳтар намудани таъм каме намак, мурч ё намаку шакарро якҷоя карда меандозанд. Чунин усул таъми консерваҳо, бӯй ва витаминҳои сабзавотро маҳфуз медоранд. Зеро дар таркиби консерваи сабзавот 35 – 40 фоизашон аз моеъ иборат аст, ки онҳо моддаҳои пурқиммати ғизои – қанд, намакҳои минералӣ ва кислотаҳо, инчунин витамини С доранд. Оби консерваҳои сабзавотии табииро ба шӯрбо ва дигар таомҳо андохтан мумкин аст. Микдори витамини С дар консерваҳои сабзавоти гулкарам 25 – 30 мг фоиз, пюреи испаноҳ 20 – 25 мг фоиз мебошад.
Тибқи тавсияи мутахассисон консерваҳои дар банкаҳо маҳкамро дар ҷои хушки ҳарораташ муътадил дуру дароз нигоҳ доштан мумкин аст.
Онҳоро дар ҷои гарм (масалан дар назди асбобҳои гармкунанда) нигоҳ доштан мумкин нест, зеро дар чунин шароит витаминҳо вайрон шуда, сифаташ вайрон мешавад. Агар маҳсулот дар банкаҳои тунукагии ғайри локандуд нигоҳ дошта шаванд, онҳо бо мурури замон таъми нохуши оҳанро қабул мекунанд. Инчунин консерваҳои сабзавотӣ, нӯшокии мева ё шарбати онро аз ях бастан эмин бояд дошт, зеро баъди он таъм ва сифати худро таъғийр медиҳад. Агар онҳоро дар ҷойи сернам нигоҳ дорем, сарпӯшҳои онҳо занг зада, ба маҳсулоти даруни он бетаъсир намемонад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Фархор бо мақсади содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар хушконидани мева ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои ноҳия ҷамъоварии меваю сабзавот идома дошта, дар баробари пешниҳод ба бозори истеъмолӣ ва захира намуди консерваи меваю сабзавот аҳли заҳмат аз ин дастранҷи хеш барои содирот низ маҳсулот омода намуда истодаанд.
Имсол дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бо мақсади содирот хушконидани мева низ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби соҳибкори маҳалли Ҷӯрахон Сафаров то имрӯз 25 тонна мева ҷамъоварӣ гардида, хушконида шудааст. Инчунин соҳибкори маҳаллӣ ният дорад, ки то 50 тонна меваро ҷамъоварӣ намуда, хушконанд.








КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






