COVID-19. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад

Июль 16, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода  аз 11 то 20 июл дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрам суҳбату вохӯриҳо доир менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре масъулин иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус хуруҷи мавҷи дуюмбораи COVID-19,  табобати беморон,  бунёди беморхонаи сироятӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш,  таъминнокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншооти бунёдшавандаи ҷашнӣ, тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлӣ ва президентӣ аз ҷониби аҳолӣ шинос шуданд.

Намояндагони гурӯҳи корӣ  дар суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи  мазкур  оид ба  тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби Хукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   оид ба пещшгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки  чораҳои амалишуда дар ин самт имкон доданд, ки паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар Тоҷикистон  пешгирӣ карда шавад.

«Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзҳои охир хуруҷи беморӣ пайваста коҳиш ёфта, шумораи шахсони табобатёфта меафзояд. Аммо  сар задани мавҷи  дуюмбораи ин беморӣ  дар баъзе кишварҳо моро дар канор гузошта наметавонад ва  водор менамояд, ки баҳри пешгирӣ аз он ҳамаҷониба омодагӣ дошта  бошем.  Тавре Пешвои миллат 20-уми майи соли равон  дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд: «Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд». Аз ин рӯ, мо бояд дар ҳамбастагӣ барои пешгирии ин  беморӣ мубориза барем»,- зикр карданд намояндагони гурӯҳи корӣ.

Таъкид гардид, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми июни соли 2020 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари дигар тадбирҳо фарогири чораҳо оид ба пешбинӣ намудани таътили пардохтҳои андозӣ ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, шабакаи хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалию аэронавигатсия ва манъ намудани ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо, озод кардан аз пардохти ҳаққи иҷораи моликияти давлатӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна мебошад. Ин санади муҳим бори дигар аз ғамхории Пешвои муаззами миллат нисбат ба бахши хусусӣ, ки пешбарандаи иқтисодиёт мебошад, шаҳодат медиҳад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, гурўҳи мазкур таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҳамчунин аз 1 то 6 июл дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ) қарор дошт. Ба ҳайати гурўҳи корӣ намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ дигар шомил гардидаанд.

Июль 16, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»