Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода аз «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд.
Тавре зимни боздид ба муовини Сарвазир иттилоъ дода шуд, самти асосии фаъолияти «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсундзода ба таъминоти моддию маишӣ ҷиҳати нигоҳубини беморон, расонидани ёрии тиббӣ, тавонбахшӣ, ташкили корҳои маданӣ-маишӣ, таҳия ва амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо баҳри тавонбахшии иҷтимоии пиронсолону маъюбон нигаронида шудааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, муассисаи мазкур барои 230 нафар пешбинӣ гардида, ҳоло дар он ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ 191 нафар бошанда фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 97 нафар мард ва 94 нафар зан мебошанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки аз шумораи умумии бошандагон 28 нафар маъюби гурӯҳи I, 55 нафар маъюби гурӯҳи II ва 3 нафар маъюби гурӯҳи III мебошанд.
Тазаккур дода шуд, ки заминҳои назди «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода самаранок истифода шуда, дар муассиса маҳсулоти зарурӣ ба таври кофӣ захира гардидааст.
Зимни вохӯрӣ бо пиронсолону маъюбони хона-интернат, Ширин Исматуллозода аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба онҳо ёдовар шуда, доир ба тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумат дар самти дастгирии иҷтимоии пирону маъюбон ибрози андеша намуд.
Бошандагони хона-интернат дар навбати худ, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои муаззами миллат барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ба гурӯҳи корӣ ҳамчунин муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода ва муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ низ шомил буданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






