Коронавирус: дар ИМА рекорди нави теъдоди беморон ба қайд гирифта шуд

Июль 13, 2020 11:16

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавирус меафзояд ва дар рӯзҳои истироҳатӣ рекорди нав гузошта шуд. Дар ин миён, ҳазорон тан дар Исроил ба хиёбонҳо бармоада, аз ҳукумат талаби пардохти ҷубронпулӣ мекунанд, хабар медиҳад хабаргузории АБИ «Казинформ» бо истинод ба Би-Би-Сӣ.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, миқдори мубталоёни COVID-19 дар ҷаҳон қариб ба 13 миллион нафар расидааст ва беш аз 565 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.             

Трамп бо ниқоб ва зиддирекорди нав дар ИМА

Президенти ИМА Доналд Трамп бори аввал дар тамоми давраи пандемия дар назди камераҳои наворбардорӣ бо ниқоб зоҳир шуд. Ин амал рӯзи шанбе, вақте ки  дар кишвар зиддирекорди нави ошкорсозии сироятёфтагон — 66 ҳазор гузошта шуд, сурат гирифт.

Трамп рӯзи шанбе озими беморхонаи ҳарбии Уолтер Рид, дар наздикии Вашингтон гардид, то бо сарбозони маҷрӯҳшуда ва кормандони тиббие, ки беморони COVID-19-ро нигоҳубин мекунанд, мулоқот намояд.

«Ман фикр мекунам, ки пӯшидани ниқоб олиҷаноб аст. Ман ҳеҷ гоҳ муқобили ниқобҳо набудам, аммо ман дар ҳақиқат боварӣ дорам, ки ҳама чиз вақт ва ҷои худро дорад» — гуфт ӯ ҳангоми тарк намудани Кохи Сафед.

ВАО хабар медоданд, ки ёварони Трамп борҳо аз президент тақозо карда буданд, ки дар назди одамон ниқоб бипӯшад. Аммо, вай ҳангоми  митингҳо, нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ аз пӯшидани ниқоб  даст мекашид. Иёлоти Муттаҳида аз рӯи теъдоди беморон ва фавтидагон — мутаносибан 3 миллион ва 132,3 ҳазор нафар — дар ҷаҳон пештоз аст. Ба ақидаи эпидемиологҳо, ин ба он вобаста аст, ки механизми ягонаи мутақобила бо эпидемия коркард нашудааст. Мақомоти баъзе иёлот дар сатҳи маҳаллӣ кушиш мекунанд, аммо стратегияи сатҳи федеролӣ зарур аст, мегӯянд олимон.

Бо вуҷуди афзоиши шумораи сироятёфтагон, дар Флорида Боғи фароғатии «WALT Disney World» дубора кушода шуд. Меҳмонон бояд ниқоб дошта бошанд ва дигар чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд. Чанд ҳафта қабл дар Орландо як теъдод боғҳои фароғатии бо ҳам рақобаткунанда ифтитоҳ ёфта буданд. Дар ин иёлат тақрибан чоряки ҳамаи сироятёфтагон дар ИМА  сабт шудаанд.

Вазъият дар Россия ва Британияи Кабир

Тибқи иттилои ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо эпидемия, дар давоми шабонарӯзи сипаришуда дар Россия 6615 нафар одамони гирифтори  коронавирус ошкор ва 130 бемор фавтидааст. Маҷмӯан дар Россия аз оғози тавсеаи вирус 727 ҳазор нафар бемор (ҷои 4-ум дар ҷаҳон) ва 11 355 нафар вафот кардааст.

Донишгоҳи Сеченовский рӯзи якшанбе эълон намуд, ки озмоишҳои клиникии як ваксинаи  зидди коронавирус бо иштироки ихтиёриён анҷом ёфтанд. Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳон тақрибан 200 ташкилот ба коркарди ваксина мебошад, айни замон 18 доруи ихтироъшуда дар тани одамон санҷида мешавад.

Дар Британияи Кабир рӯзи шанбе ҳавзҳои шиноварӣ ва театрҳои воқеъ дар ҳавои кушод, инчунин майдонҳои бозии крикет ифтитоҳ ёфтанд. Дар кишвар баҳсҳо дар бораи пӯшидани ҳатмии ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома доранд. То ҳол мақомот изҳор доштаанд, ки онҳо ба ақли солими шаҳрвандон такя мекунанд ва нияти нофиз намудани чораҳои ҳатмиро надоранд.

Рӯйдодҳои ҷаҳон

Дар Ҳиндустон хурӯҷи тозаи теъдоди сироятёфтагон — 820 ҳазор нафаранд сабт гардид. Рӯзи якшанбе маълум шуд, ки ҳунарпешаи маъруфи Ҳиндустон Айшвария Рай, шавҳар ва духтараш ба бемории коронавирус мубтало шудаанд.

Ҳиндустон аз рӯи теъдоди беморон (1,8 миллион), пас аз Иёлоти Муттаҳида ва Бразилия дар ҷои сеюм аст ва аз рӯи шумораи фавтидагон дар ҷои ҳаштум қарор дорад.Вазъият дар Амрикои Лотинӣ дар маҷмӯъ вахимтар шуда истодааст. Чор давлати Амрикои Лотин — Бразилия, Перу, Чили ва Мексика дар даҳгонаи кишварҳое, ки дорои нишондиҳандаҳои бадтарини беморшавӣ мебошанд, шомиланд.

Дар Бразилия бозии чемпионати иёлати  Катарина оид ба футбол рӯзи якшанбе, пас аз он ки ташхиси 14 бозигари яке аз дастаҳо натиҷаи мусбат дод, манъ карда шуд. Чемпионат танҳо рӯзи 8-уми июл дубора оғоз гардид.

 

   АКС аз сомонаи АБИ «Казинформ»

Июль 13, 2020 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд