ММД ба 32,4 миллард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон соли равон сиёсати пайгирона ва мутавозуни пулию қарзӣ ва асъории худро барои нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.
Ин дар ҳолест, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 32,4 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод. Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки афзоиши ММД дар ин давра аз ҳисоби рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,2 фоиз ва кишоварзӣ 8,2 фоиз таъмин гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва босамар истифода бурдани фишангҳои монетарӣ таваррум дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 4,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби таъсири пандемияи коронавирус (COVID-19) бо баста ва ё маҳдуд шудани ҳамлу нақл дар сарҳадҳои баъзе аз кишварҳои шарикони савдо, маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили гандум ва орд аз ҷониби кишварҳои содиркунанда, омилҳои мавсимӣ-номусоидии боду ҳаво, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардидани талабот ба онҳо ва болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ алалхусус маҳсулоти хӯрокӣ ба амал омад.
Гуфта шуд, ки дар ин давра барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ ва идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ 153,1 миллиард сомонӣ амонатҳои шабонарӯзӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд аст.
Инчунин соли равон 60 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 7,3 миллиард. сомонӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилоти қарзии молиявӣ дар муқобили таъсири хавфҳои эҳтимолӣ аз пандемияи COVID-19, инчунин ҷиҳати коҳиш додани хароҷоти иловагӣ ва арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 апрел муваққатан то 31 декабри соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шуда, мувофиқан дар сатҳи 1 ва 5 фоиз муқаррар гардиданд.
— Ин иқдом, — мегӯяд Ҷамшед Нурмаҳмадзода, — имконият фароҳам овард, ки вазъи ташкилоти қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар гардонида, маблағи 241,7 миллион сомонӣ пардохтпазирии иловагӣ барои низоми бонкӣ пешниҳод шавад. Инчунин барои дастгириии иқтисодиёти мамлакат ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии сиёсати пулию қарзӣ дар давраи пандемия, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, аз моҳи майи соли равон дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар карда шуд.








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






