Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Балҷувон шинос шуд

Июль 10, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/ Тавре қаблан иттилоъ додем,  субҳи 9 июл cафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид. Дар доираи  ин сафар Қоҳир Расулзода   бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар  ноҳияи Балҷувон шинос гардид.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

 Сарвазири мамлакат бо ҳайати гурӯҳи корӣ бо корҳои  таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор» шинос шуд. Навсозии ин  роҳҳо   дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, саҳми соҳибкорон  дар ин ободкориҳо зиёд аст. Масофаи роҳи мумфаршгардида наздики 4 км-ро ташкил дода, корҳои сохтмониро техникаҳои роҳсозии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия анҷом медиҳанд.

Масъулин иттилоъ доданд, ки аз соли 2019  азнавбарқарорсозии Қаълаи таърихии Мири Балҷувон  оғоз гардида, алаккай як қисмати корҳо дар ин макони таърихӣ ба анҷом расидаанд. Қаълаи  мазкур яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия маҳсуб шуда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд.

Сарвазири мамлакат бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, ҷойи баргузории намоишгоҳ, литсейи касбӣ-техникӣ, майдони Парчами давлатӣ, осорхона ва варзишгоҳ дидан карданд.

ДАР АКСҲО: Сарвазири мамлакат Қ. Расулзода бо рафти корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор» шинос шуд

Сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷараён  дошта, он яке аз  иншооти  ҷашнӣ маҳсуб мешавад.

Дар иншоот 35 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳамчунин дар ноҳия ҷаласаи кории назди Сарвазири мамлакат дар Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Ҳукумат ва фаъолони ноҳия доир гардид.

Қоҳир Расулзода ба масъулин ҷиҳати суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, бозсозии роҳ то мавзеи Сари Хосор, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

АКСИ БОЛО аз бойгонӣ

Июль 10, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд