Соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов барои ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ месозад

Июль 8, 2020 10:40

ТУРСУНЗОДА, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов бинои нави таълимии Хонаи кӯдакони ятим бунёд гардида истодааст. Бинои мазкур  аз 16 синфхона ва 4 утоқи кории омӯзгорон иборат мебошад, ки айни замон  дар иншооти мазкур корҳои рангу бор идома дорад, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои соҳибкор, Ҷӯрабек Муҳибов бинои муасссиса дар соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода аз шароити таълиму тарбияи бошандагони Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакон ва рафти сохтмони бинои нави муассиса шинос шуда, иброз намуд, ки дастгирии ятимону бепарасторон аз самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, пайваста зери ғамхорӣ ва парастории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар ин ҳошия аҳли ҷомеаи мамлакат, бахусус, соҳибкорону шахсони эҳсонкор баҳри амали намудани сиёсати хайрхоҳонаи Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии ятимону ниёзмандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Июль 8, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур 10 адад нақлиёти муосир тақдим гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд