ЧАРО ОҚИЛ КУНАД КОРЕ, КИ БОЗ ОРАД ПУШАЙМОНӢ?! Чанд андеша перомуни вазъи имрӯзаи Беларус ва вокунишҳо ба он

Август 20, 2020 20:11

ДУШАНБЕ, 20.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Воқеаҳое, ки имрӯз дар кишвари ба мо дӯст Ҷумҳурии Беларус мегузаранд (норизоиятӣ ва тазоҳуроти мухолифон пас аз эълони пирӯзии Александр Лукашенко дар интихоботи президентӣ)  мавриди таваҷҷуҳи махсуси на танҳо Иттиҳоди Дапвлатҳои Мустақил, балки ҷаҳон қарор доранд. «Кишварҳои минтақаи мо, аз ҷумла Тоҷикистон низ таҳаввулоти Беларусро бо ҷиддияти том пайгирӣ менамоянд», — навиштаанд  зимни  як нигориши худ донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бо назардошти қобили таваҷҷуҳ будани нуқтаи назари муаллифон матни ин навиштаро дар зер  пешниҳоди хонандагони арҷманд  мегардонем.

Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас.

Дар ин рӯзҳо  дар ду сӯи Беларус (яъне дар Шарқ ва Ғарби он) сиёсатмадорон ва таҳлилгарони ҷаҳонӣ бо ду нигоҳ ва умедҳои комилан мухолифи якдигар Беларусро зери заррабин қарор додаанд ва ҳар дақиқа рӯйдодҳои онро мӯшикофона расад (мониторинг) мекунанд.

Кишварҳои ғарбӣ бесаброна дар интизори табдил шудани Беларус ба Украинаи дуюм ҳастанд, то мавҷи “инқилобҳои ранга”-ро мустақим ба марзҳои Русия кашанд ва қадаме ба орзуи деринаи худ – роҳандозии инқилоб дар Русия ва пора-пора кардани ин рақиби бузург ва қудратманд наздиктар шаванд. Илова бар он, достони инак сисолаи “убури бебуҳрони Беларус аз даврони Шӯравӣ ба даврони нав бо ҳифзи бахше аз низоми иқтисодӣ ва иҷтимоии он даврон”-ро дар чашми ҷаҳониён бебунёд нишон диҳанд. Бар ин асос Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои алоҳида, монанди Британия натиҷаи интихоботро дар Беларус ғайривоқеӣ дониста (аҷиб: аз куҷо ва бар асоси кадом омор?), бар табли шодии худ ҳар рӯз қавитар аз рӯзи гузашта мекӯбанд ва тазоҳургаронро бо ҳар роҳ ташвиқ менамоянд (дақиқан ҳамон саҳнаҳое, ки 7 сол пеш дар таҳаввулоти ҳамсони Украина медидем ва оқибати онҳоро ҳам имрӯз дида истодаем). Ин дар ҳолест, ки дар қиболи чанд ҳазор нафар мухолифони Лукашенко чандин миллион нафар сокинони ин кишвар аз Президент пуштибонӣ мекунанд!

ДАР АКСҲО: дар қиболи чанд ҳазор нафар мухолифони Лукашенко чандин миллион нафар аҳолии ин кишвар аз Президенти худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Зиёда аз ин, дар тарафи дигари Беларус Русия истодааст, ки на танҳо ҳамнажоду ҳамфарҳанги мардуми Беларус ва дорои муштаракоти фаровон бо он аст, балки баъди “аз даст рафтани” Украина ҳоло дар симои Беларус муҳимтарин шарик ва сангари боэъимоди худро дар қиболи Ғарб мебинад. Ва хуб медонад, ки таҳаввулоти ҷории Минск ҳадафи аслии муаллифон ва гардонандагон нестанд. Инҳо тамрин ё репетитсияи спектале ҳастанд, ки бояд дер ё зуд дар хиёбонҳои Маскав ба намоиш дарояд.

Ҳамзамон, кишварҳои минтақаи мо, аз ҷумла Тоҷикистон низ таҳаввулоти Беларусро бо ҷиддияти том пайгирӣ менамоянд. Ин кишварҳо, ки аз чунин ҳаракатҳои оммавии аз берун тарҳрезӣ ва идорашаванда дар мисоли Гурҷистон, Украина ва ҷаҳони араб чизе ҷуз вайронӣ, оворагӣ, шикасти назму тартиб ва уфти шадиди иқтисодӣ надидаанд, нигарони ояндаи ин таҳаввулот ҳастанд. Нигарони ояндаи кишвар ва мардуме, ки бо он 70 сол зиндагии муштарак доштанду нисбат ба сарнавишти мардуми он бетараф буда наметавонанд.

Хуб, ояндаи ин таҳаввулот чӣ мешавад ва Беларус ба куҷо меравад, мавзӯи баҳси мо нест. Ҳадафи мо аз ин навишта баррасии баъзе вокунишҳо ба ин таҳаввулот ва бо чашми хирад ба рӯйдодҳои Беларус нигаристану аз онҳо ибрати оқилона бардоштан аст. Ибрати ин, ки чӣ гуна дар як марҳалаи маҳдуди таърихӣ тӯдаҳоро эҳсос бар ақл ғолиб меояд ва бо таҳрики неруҳои хориҷӣ ба ҷои таҳаввули маданӣ ва қонунӣ дунболи дигаргуниҳои ногаҳонӣ ва инқлилобӣ рафта, кишвари худро бо дастони худ ба сӯи варта мебаранд.

Имрӯзҳо иддае ба ном расонаҳои вобаста ба  ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24 ва ҳамсафонашон (чаро ба ном? Чунки ба ҳеҷ усул ва қоидаи пазируфташудаи расонаӣ пойбанд нестанд) ва дар асл бунгоҳҳои хабарии бадхоҳи давлат ва миллати мо дар хориҷ, инчунин баъзе афроди алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо “илҳом” аз таҳаввулоти ҷории Беларус мехоҳанд онҳоро бо кишвари мо умумият диҳанд ва хулосаҳои барои худашон “даркорӣ”-ро барои хонандагон биқабулонанд. Ҳатто баъзеашон бо шодикаф шудан аз ин таҳаввулот, онҳоро дар кишвари мо ҳам пешбинӣ  мекунанд ва бо ин гуна хаёли хом худро муваққатан ҳам бошад (монанди таъсири афюн) шод месозанд.

Инҳо ҳамон гурӯҳҳо ва расонаҳое ҳастанд, ки аз ҳар фурсат барои халал ворид кардан ба фазои фикрӣ ва равонии кишвари мо истифода мебаранд (гарчӣ исифодаи бемаҳоратона ва бенатиҷа). Ёд дорем, ки замони оғози пандемияи коронавирус онҳо бесаброна дар интизори ба гуфтаи худашон “фоҷеаи инсонӣ” дар Тоҷикистон буданд. Ҳар рӯз бо пахш ва бозпахши ахбори марбут ба мубталошавӣ ва фавти ҳамватанони мо бар асари коронавирус, шодии худро аз “ҳаракати тадриҷии кишвар ба сӯи фоҷеа” ва “аз контрол берун шудани буҳрони коронавирус” пинҳон намекарданд. Бо овардани назари ким-кадом ниҳод  ё маркази пажӯҳишӣ, иддао мекарданд, ки “буҳрон тамоми Тоҷикистонр фаро мегирад, фавти  оммавии одамон пеш меояд, ҳукумат аз уҳдаи идораи кишвар дар даврони буҳрон намебарояд ва ҷомеа дучории ҳарҷу марҷ ва сардаргумӣ мешавад”.

Аммо дидем ва диданд, ки ин гуна нашуд. Тоҷикистон бо барномарезии дақиқ ва санҷидашуда авҷи буҳрони коронавирусро бо камтарин талафоти инсонӣ ва зарарҳои иқтисодӣ дар байни кишварҳои минтақа пушти сар гузошт ва ҳоло ҳам муборизаро бо ин вирус идома медиҳад. Ҳатто дар баъзе кишварҳо таҷрибаи Тоҷикистонро дар маҳори буҳрон таҷрибаи арзишманд ва қобили пайравӣ медонанд. Аз ҷумла, чанде пеш вакили парламенти Афғонистон, бонуи шуҷоъ ва мубориз Ноҳид Фарид ҳангоми  суханронӣ дар шабакаи “1”-и Афғонистон гуфт (ва инро дар саҳифаи фейсбукаш ҳам навишт), ки: “Барои маҳори буҳрони коронавирус, пешгирӣ аз талафоти инсонӣ ва зарарҳои иқтисодӣ ниёз нест, ки пешрафтатарин технология ва ё бузуртарин иқтисодро дошта бошем. Кофист, ки аз имкониятҳои мавҷудаи худ ва аз таҷрибаи дигар кишварҳо оқилона ва мудаббирона истифода барем, коре ки Тоҷикистони ҳамсояи мо кард ва муваффақ шуд”.

Хулоса, баъди он, ки тири ин гурӯҳҳои бадхоҳ ва иғвогар дар масъалаи коронавирус хок хурд, муддате аз шарм сокит шуда, лаб фурӯ бастанд ва ин мавзӯъро ба фаромӯшӣ супурданд. Ҳатто як калима аз муваффақиятҳои Тоҷикистон дар набард бо коронавирус нанавиштанд, гарчӣ дар ин сарзамин хешу табор ва ҳаммилатони онҳо (албатта, агар онҳо ҳанӯз худашонро тоҷик мегуфта бошанд) зиндагӣ мекунанд ва аз самараи иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус ва ҳар офати дигар баҳра мебаранд.

Инак, бо пайдо шудани қазияи Беларус, дубора “ҷон” гирифтанд ва акнун аз шодӣ дар пӯсти худ намегунҷанд ва аз таваҳҳуми хаёлии худ чунин мепиндоранд ва менигоранд, ки “ин воқеаҳо дар Тоҷикисон ҳам, ки дар пеш интихобот дорад, такрор мешаванд”.

Орзуҳои бепоя ва хаёлии онҳо байти Саъдии бузургро ба хотир меорад, ки гуфтааст:  “Мискин харак орзуи дум кард, Ноёфта дум, ду гӯш гум кард”. Боитминон бароятон мегӯем, ки беҳуда худро саргарм мекунед, зеро чунин ҳаводис дар Тоҷикистон умуман такрор намешвад. Чаро?

1. Муҳимтарин ва асоситарин омиле, ки намегузорад ҳаводиси Беларус, Украина, Қирғизистон ва Гурҷистон дар кишвари мо такрор ёбад, ин ваҳдати миллӣ, муттаҳид будани мардум дар атрофии Пешвои комилан пазируфташуда ва эътимоди фавқулоддаи аҳолии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон аст. Он кас роҳбаре мебошанд, ки дар амал нишон доданд чӣ гуна метавон аз як кишвари ҷангзада як диёри шукуфон сохт ва як миллати парокандаро дар атрофи идеяи миллӣ муттаҳид кард. Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд, ки дар бадтарин ва вазнинтарин шароит ҳам метавонанд кишварро соҳибӣ ва миллатро саробонӣ кунанд. Ин шиор нест, айни воқеият аст, ки мардум дар саросари кишвар як эътимод ва умеди аҷиб ва сутудание ба Пешвои худ доранд. Ин гуна эътироф ва эътимоди миллат ба роҳбари худ кафили мутмаини суботу оромиш ва раҳоӣ аз ҳар гуна газанди рӯзгор аст.

2. Миллати мо як бор таъми талхи ин гуна майдондориҳоро чашид ва бо чашмони худ дид, ки дар зери шиорҳои ба зоҳир зебо, вале дар асл авомфиребона чӣ ҳадафҳои махуфе ниҳон аст ва неруҳои хориҷӣ аз ин гуна ҳаракатҳои оммавӣ барои барҳам задани суботи кишвар ва аз байн бурдани ваҳдати миллӣ чӣ тавр сӯиистифода мекунанд. Чунин миллати бедор ва таҷрибаи рӯзгордида ҳаргиз иҷозати такрори он ҳаводисро нахоҳад дод.

3. Бар иловаи таҷрибаи худӣ, миллати мо аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам бархурдор аст ва дар мисоли кишварҳои дигар дидаасту санҷидааст, ки ин гуна ба ном “иниқлобҳо” чӣ фалокатҳое бар сари миллатҳо оварданду ҳанӯз ҳам меоранд. Мо ҳама медонем, ки равандҳое бо номҳои “иниқлобҳои ранга” ё “баҳори араб” чӣ гуна барномарезӣ, иҷро ва ҳидоят шуданд. Имрӯз аксари назарияпардозони ҷаҳони араб бо таассуф аз он рӯзҳо ёд мекунанду “баҳори араб”-ро дар ҳақиқат “хазони араб” мехонанд. Миллати мо акнун ҳушёр аст ва миллати ҳушёрро наметавон бо таблиғоти расонаӣ ва ваъдаҳои бофтаву хаёлӣ ба хиёбонҳо кашид ва мавриди истифодаи сиёсӣ ва идеологӣ қарор дод.

4. Дар шароити кунунӣ Тоҷикистони азизи мо, ки бо вуҷуди орому босубот буданаш, дар минтақаи ноором ва дар ҳамсоягии Афғонистон қарор гирифтааст, беш аз ҳар замони дигар ба амнияту субот ниёз дорад. Солҳои охир шимоли Афғонистон (минтақаҳои ҳаммарз бо мо) якбора ноором шудааст. Ба ин минтақа гурӯҳҳои зиёди тероористӣ роҳ ёфтанд (аниқтараш, оварда шуданд). Ин гурӯҳҳо: Толибон, ДОИШ, Ал-қоида, “Ансоруллоҳи Тоҷикистон” ва созмони террористии Ҳизби наҳзат дар шимоли Афғонистон ҷобаҷо шуда, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро бо ҳар роҳу усул ба сафи худ ҷалб месозанд ва худро барои вуруд ба ин кишварҳо омода мекунанд. Шубҳае нест, ки ҳамаи гурӯҳҳои террористии дар боло зикршуда проектҳо (лоиҳаҳо)-е ҳастанд, ки аз тарафи кишварҳои махсус барои нақшаҳои чандинсола  тарҳрезӣ шудаанд. Ин гурӯҳҳо бесаброна дар интизори фурсате ҳастанд, ки ихтилоф ва бесуботӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд ояду замина фароҳам гардад, то онҳо барои амалӣ кардани нақшаҳояшон дастбакор шаванд.

5. Як нукта мусаллам аст, ки башарият ҳамеша мехоҳад аз вазъи мавҷуд ба сӯи вазъи матлуб (талаб ва орзушаванда) ҳаракат намояд. Аммо танҳо ҳамон миллате ва кишваре ба вазъи матлуб мерасад, ки аз роҳҳои мантиқӣ ва ақлонӣ зина ба зина ба сӯи он ҳаракат мекунад. Ҳаракати ногаҳонӣ, тӯдаӣ ва бе барнома кишварро на танҳо ба вазъи матлуб намерасонад, балки онро аз вазъи мавҷуд ҳам маҳрум месозад, ки баъдҳо мардум орзуи онро мекунанд. Ҳамон тавре ки имрӯз мардум дар Либияву Ироқу Яману Сурия орзуи бозгашт ба даврони осуда, осоишта ва ороми қаблазинқилобиро мекунанд, вале дигар он даврон аз даст рафтааст. Ва шак надорем, ки аксари мардуми Украинаву Гурҷистон, ки ба хотири расидан ба “вазъи матлуб” бахше аз сарзамини худро аз даст доданд, орзуи бозгашт ба вазъи мавҷуди қабалзинқилобиро доранд, аммо дигар дер шудааст.

6. Беҳуда нагуфтаанд: «Қадри неъмат – баъд аз завол». Бар асоси фармудаи бузургон ду неъмати диданашаванде ҳаст, ки одамизод то онҳоро аз даст надиҳад, қадрашонро намедонад: саломат ва амният. Амният дар кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадаст ва миллат барои расидан ба чунин кишвари ободу босубот заҳматҳои шабонарӯзӣ сарф намуда, баҳои сангине пардохтааст. Ин аст, ки миллати мо қадри амният ва саломати худро медонад ва ба касе иҷозат намедиҳад, ки ин ду неъматро аз ӯ биситонад.

7. Мегӯянд оқил касест, ки аз иштибоҳи дигарон панд мегирад. Пас чаро аз иштибоҳи Украина, Гурҷистон ва чандин кишвари арабӣ, ки ба хотири ҳамин гуна шиорҳо (ки имрӯзҳо дар хиёбонҳои Минск садо медиҳанд) амният ва тамомияти арзии худро аз даст доданд, панд нагирем? Ва чаро роҳи кишварҳоеро напаймоем, ки ором-ором ба сӯи суботи иқтисодӣ ва ҳамзамон рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ (маданӣ) пеш мераванд? Боз ҳам, халқ гуфтааст: «Чаро оқил кунад коре, ки пас орад пушаймонӣ?!».

8. Яке аз омилҳои муҳимми дигар ин аст, ки давлати мо ба ҳеҷ гурӯҳе иҷозати халалдор кардани субот ва амнияти кишварро намедиҳад ва бо ҳар гуна таҳаррук дар ин самт қотеона бархурд мекунад. Неруҳои интизомӣ ва амниятии мо шинохт ва таҷрибаи кофӣ аз ин гуна ҳаводис ва нақшаву барномаҳои баъзе гурӯҳҳои иғвогар ва доираҳои хориҷии ҳомии онҳоро доранд. Вуҷуди сохторҳои қудратии огоҳ ва ботаҷриба, ки ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати мардум ва дар пайи таъмини суботу оромиш ва аз байн бурдани заминаҳои низоъ ҳастанд, худ омили муҳимми боварию осудагии мардум ва ҳифзи оромиши ҷомеа аст.

9. Дар мисоли дигар кишварҳо дидем ва ҳоло дар мисоли Беларус дида истодаем, ки дар чунин ҳаракатҳои тӯдаӣ ва ё инқилобҳо сарриштаи кор умуман дар дасти мардум (ҳатто мардуми бамайдономада) нест. Мардуми бамайдономада дар ин гуна ҳаракатҳо ҳамчун сипар, ҳамчун олот истифода мешаванд ва чанд рӯзи аввал барои ноором кардани вазъият мағзашон чунон бо шиорҳо ва ангезаҳои сиёсӣ “пур” карда мешавад, ки фикр мекунанд таъйинкунадаи аслии сарнавишти кишвар барои имрӯзу оянда танҳо худашон ҳастанд. Аммо ҳамин, ки чархи осиёби муаллифон ба гардиш даромаду ҳукумат ба ларза омад, лидерони аслӣ ба майдон мебароянд ва  давлатро ғасб мекунанд. Тамом. Дигар тамоми ваъдаҳо ва шиорҳо фаромӯш мешаванд. Танҳо курсӣ аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар мегузарад (албатта агар бахти он миллат баландӣ кунаду кишвар ба нооромӣ кашида нашавад). Сабаби аслии ба вуҷуд омадани боз чанд инқилоб дар кишварҳои бо ном “инқилобӣ” (бахусус Украина ва Қирғизистон) ҳамин фиреб хӯрдани мардум ва бароварда нашудани интизориҳояшон аз инқилоб ва раҳбарони он буд…

Акнун суоле, ки дар зеҳни хонандаи азиз пайдо мешавад, ин аст, ки наход гурӯҳҳои даъвогар ва онҳое, ки орзуи такрори ин гуна ҳаводисро дар Тоҷикистон доранд, пайомадҳои онро барои суботу амнияти кишвар надонанд? Посух равшан аст: онҳо медонанд, хуб ҳам медонанд. Аммо ин барояшон муҳим нест. Муҳим барояшон барҳам задани суботи ҷомеа аст, ки ба дунболи он, ба фикри худашон, ё бахше аз қудрат мешаванд ва ё (дар сурати сар задани низоъ) бахше аз низоъ. Ба иборати дигар, як тарафи қазия мешаванду касе бо онҳо гап мезанад.

Аммо ҳамон тавре, ки дар оғоз гуфтем, ин орзуҳо ба орзуи думдор шудани хари бедум мемонанд ва ин гурӯҳҳо аз баракати роҳбарии хирадмандона ва мудаббиронаи Пешвои миллат ва огоҳию зиракии мардуми рашванзамири мо ҳаргиз ба ҳадафи шуми худ намерасанд. Танҳо лофе чанд дар хилоли сафҳа мепечанду ба якдигар эҳдо мекунанд ва бо ин дил хуш медоранд… ва ин амалест бас ғариб ва бесамар.

                                                   Сироҷиддини Эмомалӣ,   
                                    декани факултети филологияи тоҷики
                                                             ДМТ, профессор;  
                                           Файзализода Шодмон Абдувоҳид, 
                          мудиришуъбаи магистратураи ДМТ, дотсент

                                                                Манбаъ: www.sugd.tj

Август 20, 2020 20:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ТОҶИКИСТОН БАРФ БОРИД. Ронандагон низоми суръат ва масофаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд!
Дар Остона ҳолат ва дурнамои ҳамкории зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси якуми солонаи аъзои Платформаи минтақавӣ дар Остона иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
«ТАНБАШАВӢ ДАР РОҲҲОИ НАҚЛИЁТГАРД». Дар Душанбе таҳти ин унвон амалиёт гузаронида мешавад
«ТАСМАИ БЕХАТАРӢ-МУҲОФИЗИ ШУМО ДАР РОҲ». Дар Тоҷикистон маъракаи васеи иттилоотӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд»
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия тақвият меёбад
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро гардид
Мубориза бо терроризм вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст
Дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки «Рубеж-2024» баргузор шуданд
«САРБОЗИ ВАТАНРО ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ идома дорад