ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ҲУШДОР МЕДИҲАД: беэътиноӣ ва бемасъулиятии шаҳрвандон метавонад сабаби зиёд шудани теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон гардад
ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 4 июн Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри муроҷиатнома аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш намуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя карда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд ва ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.
Мутаассифона, новобаста аз тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19, имрӯзҳо бархе аз шаҳрвандони мамлакат бар хилофи тавсияи мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирии ин беморӣ амал менамоянд.
Махсусан, имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки ниқоби тиббӣ надоранд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, ки ин амали онҳо хилофи қоидаҳои пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.
Дар робита ба риоя нагардидани қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, ба сокинони кишвар чунин муроҷиат намудааст:
«Ҳамватанони гиромӣ!
Пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҳар яки мо, сокинони Тоҷикистон вобастагии калон дорад, зеро агар мо қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоем ва дар самти пешгирии коронавирус саҳм гузорем, метавонем ҳарчи зудтар кишварамонро аз ин беморӣ наҷот диҳем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ баргардем.
Аммо, бепарвоиву бемасъулиятии ҳар кадоми мо метавонад боиси авҷ гирифтани беморӣ ва зиёд шудани теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон гардад.
Падарону модарони азиз!
Дар навбати худ шумо масъул ва вазифадор ҳастед, ки фарзандони хешро дар самти риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 қатъиян назорат намоед. Ба онҳо бояд бифаҳмонед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд ва ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода баранд.
Ҳамзамон масъулини тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлативу ғайридавлатиро зарур аст, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар байни кормандони хеш корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд ва масъалаи мазкурро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор бидиҳанд.
Дар хотир дошта бошед, ки қатъиян риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ тақвият бахшида, ба пешгирии саривақтии мавҷи дуюми хуруҷи ин беморӣ дар мамлакат мусоидат менамояд».
АКСҲО аз бойгонӣ









Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






