22 сентябр дар Институти забон ва адабиёт Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

Сентябрь 21, 2020 11:22

ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон пагоҳ, соати 10:00, дар толори Институти мазкур солонаи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои котиби илмии Институт Шамсиддин Муҳаммадиев, бинобар сабаби пандемияи КОВИД-19 ҳамоиши илмӣ дар шакли маҳдуд баргузор карда мешавад. Дар ҷамъомади тантанавӣ олимон ва рӯдакишиносони Институт перомуни рӯзгор, вазни ашъор ва аҳамияти осори устод Рӯдакӣ маърӯзаҳои илмӣ мекунанд.

Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана  тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст.  Дар ин рӯз   дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу  нимпайкараҳои Абӯабдулло  Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона  ва маҳфили шеърхонӣ,   дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва  ҷаласаҳо  доир мегарданд.

Соли 2008    бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин муносибат дар Боғи ба номи Рўдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва Сарвари давлат ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.

Сентябрь 21, 2020 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд