COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир шуд

Сентябрь 11, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҷаласа барои таҳкими фаъолияти ситоди вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои дахлдори Раиси ситоди ҷумҳуриявӣ расонида шуд.

Муовини Сарвазири мамлакат доир ба  роҳҳои пешгирии мавҷи дуюми коронавируси нав иброз дошт, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ бояд корҳои пешгирикунанда вусъат дода шаванд.

Ҳамчунин Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур корҳои санитарӣ-эпидемикӣ бояд пурзӯр карда шаванд ва сокинон, аз ҷумла хонандагон ҳатман аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд. Зеро як омили пешгирикунандаи бемории COVID-19 риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.

Сентябрь 11, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон