Файзулло Баротзода: «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ифодагари ҳисси баланди миллист»
ДУШАНБЕ, 08.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи навини Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷашни муқаддас ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст. Чун ҳамасола ин рӯзи фараҳбахшро тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон орзуву ҳавас, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарӯҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои бештар аз пештар таҷлил менамоянд. Ин матлабро раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА дар сухбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд. Номбурда дар идомаи суҳбат чунин зикр кард:
— Сазовори гуфтан аст, ки тибқи Амри махсус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар тамоми манотиқи мамлакат корҳои бунёдкориву ободонӣ равнақи бемисл пайдо намуданд. АМИТ «Ховар» ин равандро «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон» унвон карда, бо ин ном дар сомонаи худ бахши нав кушод, ки ин хеле муносиб ва муносир аст. Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан як раванди бесобиқа ва ифодагари ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ шуруъ ёфта ва торафт бештар қувват мегирад. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ, шахсони саховатманду ватандӯст ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари давлати азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ имсол чандин маротиба зиёдтар шудааст. Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Ҳоло аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рӯзи башумор то ин санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари Истиқлоли тоҷик мақому манзалати худро афзун мегардонад. Илова бар ин, қудсияти ин ҷашн дар шинохти мардум бо гузашти ҳар сол қавитар ва пурҷилотар мегардад.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак барои кӯдакон муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд
КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ дарвозаи нави замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд






