ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Биёед барои расидан ба қадри зиндагӣ ба якдигар кумак расонем!

Сентябрь 5, 2020 10:07

ДУШАНБЕ, 05.09.2020. /АМИТ Ховар/. Ҳамдилии мардуми дунё дар мубориза ба муқобии қашшоқию нодорӣ сабаби таъсиси Рӯзи байналмилалии хайру эҳсон гардидааст, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ ҳар сол 5 сенятбр таҷлил мешавад.

Роҷеъ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кунед ба мулоҳизаҳои Шоири халқии  Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.

Дар ҳаёти ибратангез ва таълимоти пурарзиши гузаштагони соҳибтамаддуну хайрхоҳ ва башардӯстамон хайру некӣ, атову бахшиш, эҳсону дастгирии ҳоҷатмандону бебизоатон, ятимону бепарасторон мавқеи хосса  дошта, одоби баланди ҷавонмардӣ маҳсуб мешавад. Андешаи классикони мо дар ин маврид чунин аст, ки ҳар касе, ки ба дигарон хайру эҳсон мекунад, гӯё ки онро барои хеш мекунад. Яъне ҳар хайру эҳсоне, ки ба дигарон мекунед, ба сӯятон боз хоҳад гашт, зеро инсонҳо узви як ҷисманд ва дар як хонаводаи сайёраи Замин зиндагонӣ мекунанду аз як ҳаво нафас мекашанд ва ғаму шодияшон таъсиргузор ба ҳамдигар хоҳад буд. Нодории як нафар нодории ҷомеа ва нодории ҷомеа нодории кулли одамизодро ба вуҷуд меорад. Бо ҳам будан, дастгири ҳамдигар будан дар маҷмӯъ неру ва дилгармӣ бахшидан ба инсоният аст.

Камол Насрулло

Дар сиёсати Давлат ва Ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Сарвари хайрхоҳу башардӯсту некӯхисолаш Эмомалӣ Раҳмон ин сифати воло ва ҷавонмардона аз нахустин рӯзҳо ва ҳатто лаҳзаҳои ба сари кор омадану фаъолияташон падидор шудааст. Маҳз ҳамин раҳму шафқат, хайрхоҳӣ ва дастгирии мардуми афтодаву гирифтор пайваста Пешвои миллати моро маҳбуби мардум гардонидаву аз паси худ то ба пирӯзиҳо бурдааст.

Яке аз ташаббусҳои Сарвари давлати мо дар оғози давлатдории худ таъсис, бунёд, эҳё ва обод кардани хона-интернатҳо барои бебизоатон, кӯдакистонҳои маъюбон ва  ятимхонаҳо дар мамлакат буд. Аз ҳамон солҳои аввал то ба имрӯз соле чанд бор, хусусан дар рӯзҳои Иди саиди Фитр, Иди Қурбон, дар арафаи соли нави мелодӣ ва ғайра Пешвои миллати мо худашон бо дастовезу туҳфаҳо аз ҳоли ятимону маъюбону бебизоатони мамлакат хабар мегиранд ва пайваста барояшон ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Аммо туҳфаи беҳтарин барои ин кӯдакони ноком на ин ҳадяҳоянд, ҳарчанд, ки онҳо ҳам нишотангезанд, балки навозишҳои падаронаи худи Пешвои миллатанд, ки самимона онҳоро  ба оғӯш мегиранд.

Мову шумо борҳо шоҳиди он будаем ва бо гӯши худ шунидаем, ки тифлони ятими мамлакат бо муҳаббат ва эҳсосоти баланди миннатдорӣ иброз доштаанд, ки онҳо ятим нестанд ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро падари худ хондаанд. Чунки воқеан, ба шарофати ғамхориҳои падаронаи Президент онҳо дар интернату ятимхонаҳо бо фароҳам оварда шудани шароити хеле хуб зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Банда чунин андешаронии ятимонро дар он ҷамъомадҳо худ борҳо шунидаву шоҳид будаам. Мо шоҳиди он гаштаем, ки дар яке аз чунин мулоқот Пешвои миллат ба наврасони ба куллӣ ятим  аз як оила, ки дар интернат таълиму тарбия ёфта буданду акнун онро хатм менамуданд ва хонаву дар надоштанд, аз бинои иқоматии навбундёд хона тақдим намуданд ва шодию сарфарозии он ятимонро ҳадду канор набуд. Мо шоҳидем, ки бо дастгирии Пешво чандин нафар ятимоне, ки таҳсили хуб  карда буданду саводи кофӣ доштанд, баъд аз хатми мактаб ба сафи донишҷӯёни мактабҳои олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббӣ, бидуни имтиҳон қабул гардиданд. Оё инҳо ҳама ғамхориҳои воқеан беназири падарона нестанд?

Хайру эҳсонкорӣ дар табиати халқи шарифи тоҷик таърихан ҳамеша намои дурахшон доштааст. Ва мо дар замони худ низ борҳову борҳо шоҳиди эҳсону саховати ҷавонмардонаи як гурӯҳ соҳибкорони тоҷик дар байни халқ гардидаем. Мояи фараҳу қаноатмандӣ ва сипосгузории мардум аст, ки имрӯзҳо ин саховатпешагиро Раиси ҷавони шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва дигар раисони вилояту ноҳияҳо ва ҷавонмардони Ватан низ идома медиҳанд.

Хусусан дар замони гирифтории мардум ба коронавирус- ин вабои аср ва дигар буҳронҳои иҷтисодӣ хайру эҳсон, кумаку дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкорони ҷавонмарди тоҷик аз мардуми камбизоат, ятимону маъюбон, пирони барҷомондаву беморони гирифтор ва хонаводаҳои нодор намунаи ибрат буд.

Чунонки гуфтем, рӯзи хайру эҳсон ва кумак ба камбизоатон дар саросари дунё 5 сетябр аз соли 2012 инҷониб бо қарори СММ ҳамасола таҷлил мегардад. Аммо фаъолияти созмонҳои башарӣ дар ин самт ҳамарӯза идома дорад. Ташкилоти зиёди хайриявӣ вуҷуд доранд, ки тамоми фаълияташонро ба ин самт равона кардаанд.

Хайру эҳсонкорӣ чун амали ихтиёрӣ одамонро ба ҳам меорад ва ба бунёди ҷомеаи солиму қавӣ раҳнамоӣ мекунад. Ин амал барои гузаштан аз буҳронҳои гуманитарӣ-инсонпарварӣ кумак намуда, фаъолияти ҳукуматҳоро дар соҳаи тандурустӣ, маориф, сохтмони манзил ва ҳимояи аҳолӣ пурратар месозад. Эҳсонкорӣ ҳамчунин ба тараққиёти  фарҳанг, илм, варзиш ва ҳимояи табиат  мададгор буда, ба ҳимояи бенавоёну озурдагон мусоидат менамояд. Фаъолияти хайру эҳсонкорӣ хусусан дар замони низою зиддиятҳои байналмиллалӣ вомедорад, ки садои ақл ва раҳму шафқат ба гӯшҳо расад. Дар замоне, ки андар олам нобаробарии иҷтимоӣ хеле афзудааст, ин иқдом хеле бамаврид ва савоб аст.

СММ чунин мешуморад, ки кишварҳои дунё наметавонанд дар алоҳидагӣ ба рафъи камбизоативу қашшоқӣ муваффақ шаванд, бинобар ин ҷалби бевоситаи худи мардум ба ин ҳаракат ногузир аст ва мусоидат ба беҳбуди зиндагии одамон хоҳад кард.

Яке аз мубаллиғони машҳури ҳаракати хайрия дар дунё Модар – Тереза (Тереза Калкутская) дар тӯли ним аср хизмати камбағалон, дардмандон ва ятимонро кард. Ӯ барои ин фаъолияташ аввал дар Ҳиндустон ва баъд дар дигар кишварҳо сазовори  ҷоизаи нобелӣ дониста шуд. Аммо ин зан на танҳо бо фаъолияти хайру эҳсонкории худ машҳур шудааст. Эҳсонкорӣ дар ҳама давру замонҳо вуҷуд доштааст ва метавон номҳои зиёдеро аз таърих овард. Масалан, Алберт Эйнштейн соядастҳои худро якдолларӣ фурӯхта, пули ҷамъомадаро хайрот мекард. Ходими дини Франсия – хоҳар Эммануэл (1908-2008) ба камбағалон дар  мактабҳои католикии Туркия, Тунис ва Миср ройгон дарс мегуфт. Абдул Саттори покистонӣ соли 1948 хадамоти ихтиёрии ёрии таъҷилӣ ташкил намуд, ки на фақат муолиҷаи таъҷилӣ, балки боз нуқтаи диспансерикунонии бепул, сағирахонаҳои кӯдакона ва марказҳои шифои нашъамандонро низ фаро мегирифт. Соҳибкор Билл Гейтс соли 2000-ум хазинаи хайрияе таъсис дод, ки ба беморони вазнин ва камбағал ёрӣ мерасонад ва илова ба ин барои пешрафти соҳаи тандурустию маориф кумак мекунад.

Умуман бисёр ходимони санъат,  соҳибкорон, давлатдорҳо ва мардуми одӣ дар кишварҳои гуногун ба хайрия ва эҳсонкорӣ машғуланд. Масалан, дар Россия актер Константин Хабинский хазинаи хайрия барои  кӯдакони гирифтори бемории саратон таъсис дод.  Гоша Кутсенко хазинаи кумак ба кӯдакони гирифтори бемории фалаҷро бо номи “Қадам бо ҳам мегузорем” таъсис дод.  Евгений Миронов, Игор Верник, Мария Миронова соли 2008  барои дастгирии ходимони санъат хазинаи хайрияи “Артист” таъсис доданд.

Режиссёри кино  Темур Бекмамбетов  ҳаммуассиси  хазинаи хайриявии “Офтобпараст” мебошад, ки барои  кӯдакони иммунитеташон сироятёфта хизмат мерасонад. Хонумҳои ҳунарпеша Чулпан Ҳаматова ва Дина Корзун хазинаи хайриявиро бо номи “Ҳаётро ҳадя намо” таъсис додаанд, ки бо дастгирӣ ва муолиҷаи  кӯдакони дорои бемориҳои вазнин машғул аст.  Дережер  Владимир Спиваков хазинаи хайрияе ташкил додааст, ки ба кӯдакони соҳибистеъдоди  соҳаи мусиқӣ стипендия медиҳад. Топ-модел  Наталя Водянова муассиси хазинаи “Дили бараҳна” мебошад, ки беш аз 100 майдончаҳои бозӣ ва  68 боғча дар шаҳрҳои Россия бунёд намудааст. Сарояндаи машҳур Иосиф Кобзон  солҳои зиёд  маблағгузори  ду сағирахона дар Ясная Поляна ва Тула буд. Маркази хайриявии “Кумаки боадолатона”-и  Елезавета Глинко, ки чун Доктор Лиза машҳур аст,  ба одамони миранда аз бемории саратон ва беморони ғайрисаратонӣ аз зумраи камбизоатону бехонумонҳо ёрии моддӣ ва кумаки тиббӣ мерасонад. Дар саросари дунё чунин инсонҳои соҳибэҳсон ва некӯкор хеле зиёданд.

Дар дунё ташкилоти хайриявии зиёде амал мекунанд. Онҳо ба кӯдакон, пирон, маъюбон, ба одамоне, ки бо сабабҳои гуногун ба вазъияти душвор афтодаанд, кумак мерасонанд. Эҳсонкороне ҳастанд, ки  ба сагҳо, гурбаҳои хонагӣ, палангҳои амурӣ, парандаҳо, сангпуштҳо хайрияҳои худро равона кардаанд. Гурӯҳи сеюм маблағҳои хайриявии худро барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, муҷассамаҳои меъмориву фарҳангӣ, ки ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад, сарф мекунанд. Инҳо ташкилоти хурду бузурге мебошанд, ки бо истифода аз имкониятҳои гуногун фаъолият доранд. Роҳҳои кумак зиёданд – метавон кумаки пулӣ кард, новобаста аз миқдор; бо либосу чизҳои дигар ёрӣ расонд; метавон хун дод; дар хомӯш кардани алангаи оташ ёрӣ расонд ва метавон вақти худро бедареғ дод. Муҳимаш расонидани ёрӣ ба дигарон на қарзи гарон, на бори миннат, балки хушбахтист. Агар мо боҳимматем, бо ҳамдардӣ ва таваҷҷуҳ ба  одамон муносибат дорем, онҳоро мефаҳмем ва ин амал алоқаҳои қавие дар байни мо бунёд мекунад, барои расидан ба қадри зиндагӣ ва эҳсоси он ки мо ба ҷомеа даркорем, ба якдигар кумак мерасонем.

Камол НАСРУЛЛО

Сентябрь 5, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин