Маҳмадтоир Зокирзода бо Акмал Саидов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини якуми Раиси палатаи қонунбарории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов, ки ҷиҳати иштирок дар кори Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» ба Душанбе ташриф оварда буд, бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Маҳмадтоир Зокирзода меҳмони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хушомадед гуфта, зикр кард, ки ҳоло қонунгузорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба дастёбӣ ба як шакли пойдору ҳамешагии ҳамкорӣ қодир мебошанд. Дар муддати кӯтоҳ робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ба сатҳи сифатан нав боло раванд ва ҳам дар қолаби дуҷонибаву ҳам чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд. Онҳо ҳамчунон дар оянда низ нақши муҳиме дар тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ ва фарҳангӣ, инчунин густариши робитаҳои байниминтақавӣ хоҳанд бозид.
-Мо ба ин назарем, ки -гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,- Ӯзбекистон шарики стратегии Тоҷикистон аст ва ба мо лозим аст ин муносибатҳоро аз тариқи робитаҳои парлумонӣ тақвият бахшем. Мо аз ҷониби худ барои робитаҳои пурбортарин ва ҳамаҷониба бо ҳамкорони ӯзбек омодаем.
«Вохӯриҳои гузаштаи Сарони ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд, ки дар ҷараёни он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, баёнгари он буданд, ки ҷонибҳо ташнаи таҳкими робитаҳои мутақобила ва расидан ба марзҳои нави ҳамкорӣ мебошанд.
Бо ибрози ризоият аз вазъияти феълии робитаҳо байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мехоҳам зикр кунам, ки мақомоти қонунгузори мо минбаъд низ бояд ҳамчунон иқдомоти ҷиддиро барои рушди густардаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо идома диҳанд»,-афзуд Муҳамадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Раиси палатаи қонунбарории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов номаи табрикотии Раиси парлумони Ӯзбекистонро ба Маҳмадтоир Зокирзода ирсол намуда, таъкид намуд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов иштирок намуданд.








Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд






