Панду андарзҳои безаволи устод Рӯдакӣ ба хонанда «бо чашми дил дидани олам» меомӯзонанд-бардошт аз ҳамоиши илмӣ дар Рӯзи Рӯдакӣ
ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шеъри Рӯдакӣ зиёда аз ҳазор сол аст, ки паёми озодиву истиқлол, сулҳу дӯстӣ, донишу хирад, накӯкориву ҷавонмардӣ ва зебоиву нафосат мерасонад ва барои наслҳои имрӯза ва оянда низ ҳамчун намунаи олии башардӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, зебоипарастӣ ва ишқи поку беолоиш хизмат мекунад. Ин матлаб зимни ҳамоиши илмие, ки ба хотири бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо ширкати олимони рӯдакишинос доир гардид, зикр карда шуд.
Дар ҳамоиши илмӣ номзади илмҳои филологӣ Шамсиддин Муҳаммадиев, ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёт, н.и.ф., Анзурати Маликзод ва ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёт Мубашшири Акбарзод доир ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва осори соҳибқирони назми ҷаҳон устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки мероси адабии поягузори адабиёти классикии тоҷик баъди беш аз ҳазор сол шӯҳрати ҷаҳониашро афзун мекунад. Панду андарзҳои безаволи Рӯдакӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошта, ба қавли худи устод, ба хонанда «бо чашми дил дидани олам»-ро меомӯзонанд.
Таъкид шуд, ки панду андарзҳои шоир хеле дилкашу гуворо буда, аз мутолиаи он наметавон дил канд. Абёти панду ахлоқии устод моро ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, илмандӯзиву фарҳангдӯстӣ даъват менамояд ва дар замирамон некиву накукорӣ ва муҳаббату садоқат мепарварад. Устод Рӯдакӣ бо осори саршор аз панду насиҳат, бузургдошти илму дониш, накукорӣ ва инсондӯстӣ ҳамчун пири шоирони форсигӯи тамоми дунё пазируфта шудааст.
Иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки ба наслҳои имрӯзу ояндаи миллатамон зарур аст ҳамчун ворисони бевоситаи фарҳанги куҳанбунёди хеш фармудаҳои бузургони илму адаб, аз ҷумла устод Рӯдакиро дастури зиндагии ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. Зеро ашъори ӯ дарси тақвияти худшиносии миллӣ, сидқан дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва риояи одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Ҳамасола 22 сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Рӯзи Иқбол дар Покистон, рӯзи Навоӣ дар Ӯзбекистон, рӯзҳои Саъдиву Ҳофиз дар Эрон ва рӯзи Такур дар Ҳиндустон гувоҳи онанд, ки ин халқҳову кишварҳо ба гузаштаи худ эҳтиром гузошта, пос доштани номи адибону олимони шинохтаи хешро вазифаи муқаддас ҳисобидаанд. Рӯзи Рӯдакӣ ҳам бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик ба Одамушшуаро эҳтироми хосса дошта, панду андарзҳои ӯро дастурамали зиндагии худ қарор додааст.








Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид






