Дар Бохтар ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 203 корманди муваққатӣ ҷалб гардидаанд

Октябрь 1, 2020 08:57

ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Хатлон маъракаи муҳими  сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо масъулини маъракаи барӯйхатгирӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти раиси шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.

Маъракаи муҳими  сиёсӣ аз 1 то 15 октябри соли равон идома меёбад. Барои баргузории маъракаи мазкур дар шаҳри Бохтар 203 корманди муваққатӣ ҷалб гардида, дар ихтиёри онҳо 4 шуъбаи барӯйхатгирӣ, 33 қитъаи дастурдиҳии назоратчиён ва 162 қитъаи ҳисобчиён, биноҳои муҷаҳҳаз ва воситаҳои алоқа қарор дода шудаанд.

 Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ба ҳайси раиси комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дастрас намудани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиронӣ, истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ заруранд, маҳсуб мешавад.

Сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки дар  барӯйхатгирии имсола аввалин маротиба бақайдгирии аҳолӣ тариқи электронӣ, яъне бо истифода аз сомонаи интернетӣ, планшет ва усули анъанавӣ-пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барӯйхатгирии аҳолӣ дар 10 сол як маротиба гузаронида мешавад. Он маротибаи охирин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 баргузор гардида буд.

Октябрь 1, 2020 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад