Дар ноҳияи Сангвор агросайёҳӣ дар ҳоли рушд мебошад
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи хурди грантии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби барномаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар самти тақвияти агросайёҳӣ дар водии Рашт дастгирӣ ёфт, имрӯз дар ноҳияи Сангвор барои таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агросайёҳӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид.
Бояд зикр кард, ки Сангвор ноҳияи аграрӣ буда, чорводориву боғпарварӣ, парвариши занбӯри асал, картошка ва дигар намудҳои зироаткорӣ бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ва таъминкунандаи даромади аҳолии ноҳия мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки захираву имконоти ноҳия дар самти рушди агросайёҳӣ то ба ҳол пурра истифода нагардидаанд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки агросайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ буда, таваҷҷуҳ ба он афзудааст, зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё агросайёҳӣ ба шумор мераванд.
Манзараҳои дилнишини ноҳияи Сангвор сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуда, рушди ин соҳа барои сокинони ин ноҳияи кӯҳистон ҷойҳои нави корӣ таъсис мегарданд ва тиҷорати соҳибкорону бонувоне, ки ба ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, рушд меёбад.
Тавассути татбиқи лоиҳа барои рушди иқтидори мутахассисони маҳаллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агросайёҳӣ дар ноҳияҳои водии Рашт машваратҳо гузаронида мешаванд.








САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад






