Олег Белоконев: «Интихоботи Президент шаффофу рақобатпазир буда, иродаи озодонаи интихобкунандагони Тоҷикистонро ифода намуд»
ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ«Ховар»/. «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябр баргузор шуд, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуда, ба принсипҳои аз ҷониби умум қабулшуда ва эътирофшудаи баргузории интихоботи демократӣ мувофиқат мекунад. Интихоботи президентӣ шаффофу рақобатнок буда, иродаи озодонаи интихобкунандагони Тоҷикистонро ифода намуд», — гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотии намояндагони Миссияи мушоҳидон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба амнияти миллӣ, Раиси Комиссияи Ассамблеяи Парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Россия оид ба амният, мудофиа ва мубориза бо ҷинояткорӣ Олег Белоконев.
Ба гуфтаи намояндагони Миссияи мушоҳидон аз кишварҳои аъзои ИДМ, овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар фазои ором ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон гузашт.Тавре Олег Белоконев зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар рӯзи интихобот намояндагони Миссияи мушоҳидони ИДМ аз 487 участкаи интихоботӣ дидан карданд.Гуфта шуд, ки намояндагони Миссия ҳангоми ҳисобкунии овозҳо низ ҳузур доштанд. Тамоми расмиёт тибқи қонунҳо амалӣ карда мешуд.
«Нозирони Иттиҳод ягон қонуншикание сабт накардаанд, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад. Намояндагӣ чунин мешуморад, ки комиссияҳои интихоботии ҳама сатҳҳо бо кумаки мақомот баргузории интихоботро дар сатҳи баланди касбии ташкилӣ таъмин намуданд», — зикр гардид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони Миссияи мушоҳидон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Ба гуфтаи Олег Белоконев, ситоди Миссия иттилоотро дар бораи қабули шикоятҳо ва изҳорот вобаста ба вайронкунии қонун баррасӣ кардааст. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, то 10 октябр ба он 2 муроҷиатнома ворид шудааст, ки ба изҳоркунандагони он тавзеҳи зарурӣ дода шудааст.
«Дар давраи омодагӣ ба интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақормоти Прокуратура аз номи ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ягон шикоят ё изҳорот нарасидааст. Тибқи иттилои ВКД, мақомоти корҳои дохилӣ ягон қонуншикании марбут ба маъракаи интихоботро ба қайд нагирифтаанд. Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Суди Олии ҷумҳурӣ, ҳеҷ шикояте дар робита ба интихоботи президентӣ вуҷуд надорад», — гуфт Олег Белоконев.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати Миссия 98 нафар мушоҳидон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Ассамблеяи Парлумонии Иттифоқи Беларус ва Россия, инчунин Кумитаи Иҷроияи ИДМ аккредитатсия шуда буданд. Дар байни онҳо вакилони парлумонҳои миллӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва комиссияҳои интихоботии кишварҳои узви Иттиҳод ҳастанд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






