Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим раиси Комиссияи миллии ТРАСЕКА таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо – Осиё – Қафқоз, Қафқоз — Осиё – (ТРАСЕКА) таъйин гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.
Номзадии Вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА бо дарназардошти тағйироти кадрӣ дар Вазорати нақлиёт аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода пешниҳод гардида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пешниҳод ҷонибдорӣ ёфт.
ТРАСЕКА (ТRACECA – Transport Corridor Europe Caucasus Asia) — ин ягона лоиҳаи долони нақлиётии АвруОсиёӣ дар самти Ғарб-Шарқ аз Аврупо буда, бо убур аз баҳри Сиёҳ, тавассути Қафқоз ва баҳри Каспий ба Осиёи Марказӣ ворид мешавад. Ин лоиҳа аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Иттиҳоди Аврупо дастгирии назарраси молиявӣ, ташкилӣ ва техникӣ ёфтааст.
Барномаи ТРАСЕКА соли 1993 дар асоси Эъломияи Брюссел бо иштироки Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд ва дере нагузашта, Молдова, Муғулистон ва Украина шомил шуданд. Соли 2000 — Туркия, Руминияву Булғористон ва соли 2009 — Эрон ба ин барнома ҳамроҳ шуданд.
Ҳар яке аз ин кишварҳо “Котиби миллии ТРАСЕКА» ва инчунин «Комиссияи миллии ТРАСЕКА» -и худро доранд, ки онро одатан роҳбари яке аз вазоратҳои соҳавӣ ё муовини сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунад.
Ҳадафи Барномаи ТРАСЕКА- ин кумак ба кишварҳои тозаистиқлоли Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар барқарорсозии инфрасохтори нақлиётӣ, ташкили долони кӯтоҳтарини нақлиётӣ, ки Аврупо ва Осиёро пайваста, ҳамгироии минтақаро бо Ғарб таъмин месозад, инчунин бунёди системаи боэътимоди нақлиётӣ, ки ба татбиқи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои барқарор ва рушди иқтисодиёти ин давлатҳо равона шудаанд, мебошад.
Ёдовар мешавем, ки барнома аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






