Дар Тоҷикистон нақшаҳои генералии таҷдиди 90% шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо тасдиқ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон нақшаҳои генералии таҷдиди 90% шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо тасдиқ карда шуданд. Дар ин бора 19 ноябр дар Конфронси 4-уми байналмилалии «Рушди институти экспертизаи сохтмон» муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Шаҳноз Раҳматуллозода изҳор дошт.
Дар ин чорабинӣ, ки ба таври онлайн баргузор шуд, намояндагони шуъбаҳои давлатии сохтмон ва экспертиза, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ИДМ ширкат варзиданд. Конфронси 4-уми байналмилалии «Рушди институти экспертизаи сохтмон»-ро Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Россия Ирек Файзуллин ифтитоҳ намуд.
Дар доираи қисмати муқаддимавии конфронс намояндагони тамоми кишварҳои иштирокчии ИДМ дар бораи фаъолият ва рушди ташкилотҳои экспертизаи сохтмон сухан гуфта, масоили мушкилоти асосиеро, ки дар соҳаи сохтмон дар ин кишварҳо мавҷуданд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Шаҳноз Раҳматуллозода зимни баромади хеш иброз дошт, ки 8 сол пеш дар Тоҷикистон Кодекси шаҳрсозӣ қабул карда шуд, ки он ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ ва дигар соҳаҳои меъморӣ ва сохтмонро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад.
Дар баробари ин, зиёда аз 1500 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва техникӣ ҳалли масъалаҳои техникӣ ва масъалаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон дар Тоҷикистонро фаро мегиранд.
«Ҳукумати мамлакат ба банақшагирии ҳудудӣ ва идоракунии шаҳр диққати ҷиддӣ медиҳад, — гуфт Шаҳноз Раҳматуллозода. — Ҳамин тавр, солҳои охир нақшаҳои генералии зиёда аз 90% шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Гузашта аз ин, бо назардошти он, ки 93% ҳудуди ҷумҳурии моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо мақсади сарфаи замин қарор қабул карда шуд, ки асосан биноҳои баландошёна сохта шаванд. Дар ҳоли ҳозир, дар пойтахти ҷумҳурӣ аз ду то чорошёнаҳои истиқоматӣ тахриб карда мешаванд ва ба ҷои онҳо биноҳои муосир бо баландии аз 9 то 18 ошёна сохта мешаванд. Дар Душанбе сохтмони биноҳои 25-30-ошёна дорои аҳамияти маъмурӣ ва ҷамъиятӣ оғоз ёфтааст».
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон инчунин афзуд, ки бисёре аз нуқтаҳои аҳолинишини кишвар дар минтақаҳое ҷойгиранд, ки хавфи офатҳои табиӣ зиёд аст. Дар сурати ба вуқуъ омадани ҳолатҳои ногувор, ин метавонад боиси талафоти зиёди одамон ва зарари моддии калон гардад. Аз ин рӯ, барои бинокорони ҷумҳурӣ татбиқи лоиҳаҳо бо риояи пурраи тамоми қоидаҳои техникӣ, риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ва экологӣ, сӯхтор, саноатӣ, ҳастаӣ, амнияти радиатсионӣ, инчунин ҳифзи давлатии биноҳо ва иншооти дорои аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ хеле муҳим аст.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Нурзода зикр намуд, ки ин ташкилот хулосаҳои якҷояи коршиносонро танҳо бо назардошти хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ, инчунин натиҷаҳои муҳокимаи умум дар иншооте, ки аҳамияти муҳими хоҷагии халқ, шаҳрсозӣ ва махсус доранд, омода менамояд.
«Бо мақсади дуруст арзёбӣ кардани қарорҳои тарроҳӣ, мо аз барномаҳои мавҷуда дар соҳаи сохтмон ва нархгузорӣ васеъ истифода мебарем. Ҳамин тариқ, дар соли 2019 барномаи озмоишӣ оғоз ёфт, ки имкон медиҳад пешрафт ва риояи муҳлатҳои марҳилаҳои санҷиши ҳар як иншооти қабулшуда назорат карда шавад», — афзуд Раҳмоналӣ Нурзода.
Гузориши муфассал дар бораи ин чорабинӣ ва баромадҳои ҷолиб дар шумораи навбатии маҷаллаи «Бехатарии биноҳо ва иншоот», ки моҳи декабри соли равон аз чоп мебарояд, нашр карда мешаванд.








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






