ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Ноябрь 27, 2020 20:11

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 ноябр 12082 ҳолатро ташкил медиҳад.

«Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 (95,0%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ноябрь 27, 2020 20:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд