МОИ «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma»-и Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябри соли 2020 байни маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma» (Korean Smart Human Technology Association) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз маъмурияти МОИ «Кӯлоб» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани ҳуҷҷати мазкур — ин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни маъмурияти МОИ «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma» дар самти ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур маҳсуб меёбад.
Дар доираи он бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳо, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли қисмҳои нақлиёти мошингард бо истифодаи технологияҳои пешрафта ва таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея ба нақша гирифта шудааст.
Ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Корея барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуда, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи устувор мегузорад.








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






