«Саноии Ғазнавӣ ва таҳаввули адабиёти тасаввуфӣ», таҳти ин ном дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 27 ноябр Конференсияи ҷумҳуриявии «Саноии Ғазнавӣ ва таҳаввули адабиёти тасаввуфӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия бо ҳузури муҳаққиқону устодони донишгоҳҳо ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, меҳмонон ва донишҷӯён дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни ДМТ гузашт.
Дар конференсия олимону коршиносони соҳа дар мавзӯъҳои саноишиносӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, таҳқиқ ва нашри осори адабӣ ва ирфонии Саноӣ, ҷойгоҳи ӯ дар ташаккули адабиёти ирфонии форсии тоҷикӣ, мушкилоти матншиносӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо ибрози андеша намуданд.
Ба муносибати Конференсияи ҷумҳуриявии «Саноии Ғазнавӣ ва таҳаввули адабиёти тасаввуфӣ» маҷмӯаи мақолаҳои илмии муҳаққиқони тоҷик ва хориҷӣ ва маҷмӯаи мақолаҳои доктори илмҳои филологӣ – саноишиноси шинохта Мирзо Солеҳов бо унвони «Ҷусторҳо дар саноишиносӣ» мунташир шуданд.








Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд






