Соҳаи сайёҳӣ дар давраи пандемияи COVID-19

Ноябрь 25, 2020 10:28

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Туризм  яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир маҳсуб мешавад.  Дар аксар кишварҳои дунё қисми зиёди даромади буҷаи давлат аз ҳисоби сайёҳист. Давлатҳое, ки табиати зебо ва таърихи қадимӣ доранд, аз ин дастоварди худ васеъ истифода бурда, ба буҷети худ даромади зиёд меоранд.

Масъалаи мазкур дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ дарҷ шудааст. Солҳои охир даромаднокии сайёҳӣ назар ба соҳаҳои нафту газ, мошинсозӣ ва кимиё ҳам баландтар баҳогузорӣ гардида, таваҷҷуҳ ба он пайваста меафзояд. Аммо бемории коронавируси Ковид -19, ки  як сол боз ҷомеаи ҷаҳонро азият медиҳад, таъсири худро ба тамоми самтҳо расонида, ба қавле соҳаи сайёҳиро ба буҳрони азим гирифтор кардааст. Ҳарчанд дар гузашта сайёҳӣ, қатъи назар аз буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, моҷароҳои  сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати баланд рушд мекард, аммо буҳрони пандемияи коронавирус  ин соҳаро дучори сахттарин мушкил карда, ба муфлисшавӣ ва аз фаъолият мондани садҳо ширкату бахшҳои сайёҳӣ оварда расонидааст.

Тибқи оморе, ки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ нашр кард, танҳо зарфи ҳашт моҳи соли 2020 талафот ба соҳаи сайёҳӣ ба 730 млрд. доллари амрикоӣ баробар гардида, қариб 100 млн. ҷойҳои кории мустақими сайёҳӣ зери хатари барҳамхӯрӣ қарор дошта, паёмадҳои ин падидаи ғайричашмдошт то ҳанӯз идома доранд.

Дар иртибот ба ин масъала чанде пеш муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар Форуми байналмилалии  сайёҳии «Тоҷикистон-2020», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳори андеша карда буд.

Бо мақсади дастгирии соҳаи туризм ва ширкатҳои сайёҳӣ дар давраи пандемия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила тадбирҳоро рӯйи кор гирифтааст. Аз ҷумла, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии таъсири манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва ғайра таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардид ва ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт напардохтани андозҳо боздошта шуд.

«Ориён адвентур» яке аз ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ мебошад, ки қариб 20 сол аст дар бозори сайёҳӣ фаъолият мекунад. Зимни суҳбат бо мо роҳбари ин ширкати сайёҳӣ Руслан Ҳамроқулов гуфт, ки «аз моҳи март инҷониб фаъолият надорем ва ширкат аз даромад мондааст. Вале дар чанд моҳи охир ба сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ карда, имконияти ватани маҳбубамонро ба шаҳрвандон нишон медиҳем». Ба андешаи роҳбари ин ширкати сайёҳӣ, ягона чораи фаъолият дар давраи мушкили пандемия  ҳамин аст, яъне ба сайёҳони дохилӣ нишон додани манзараҳои зебои диёрамон, ки ба қавли коршиносон, ин амал аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Яъне ширкатҳои сайёҳӣ дар давраи пандемия имкон доштанд барои фаъолияти ояндаи худ садҳо мавзеъҳои зебоманзару табиати дилфиреби мамлакатро кашф намоянд ва харитаи ҷойҳои сайёҳии худро бештар кунанд.

Бояд гуфт, ки таъсири пандемияи коронавирус ба соҳаи туризм аз ҳама бештар эҳсос мешавад. Аз ҷумла, дар як мудати кӯтоҳ он ба гардиши сайёҳон дар ҷумҳурӣ, раванди хизматрасонии субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ, ҷойҳои кории кормандони ин самт, фурӯши бастаҳои хизматрасонӣ, дарёфти шарикони рушд, раванди таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ дар минтақа ва ҷаҳон, иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва ғайраҳо  таъсири ҷиддӣ расонид.

Новобаста аз таъсири паҳншавии бемории коронавирус айни замон дар ҷумҳурӣ 188 меҳмонхона, 26 адад хостел ва мотелҳо, 46 адад осошигоҳҳо, 8 адад марказҳои муолиҷавӣ, 4 адад базаи сайёҳӣ, дар маҷмӯъ, 289 иншооти сайёҳӣ бо назардошти талаботи беҳдоштӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёдтар мебошад. Чун дар робита ба таъсири буҳрон ба соҳаи туризм гуфтем, бояд ёдрас шуд, ки сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ низ ба мушкилот мувоҷеҳ шудааст. Аммо масъулини соҳа мегӯянд, ки барои тавассути видео ва аудио баргузор намудани мулоқот  дар самти ҷалби сармоя  ба мувофиқа расидаанд.

Корманди Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ Сиёвуш Бобохонов мегӯяд, ки айни замон татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» шурӯъ гардид, ки мутахассисон пайи амалишавии он кор бурда истодаанд. Дар доираи ин лоиҳа чандин иншооти муҳим сохтаву барқарор гардида, садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мешаванд, ки маблағи он бештар аз 30 млн. долларро дар бар мегирад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2020 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид