Султон Бекмуродзода: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид

Ноябрь 6, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

 Чунинанд нахустин вожаву ҷумлаҳое, ки бо он Конститутсияи тоҷикон оғоз меёбад, онҳо мисли савганд, мисли ниёиш садо медиҳанд ва мавқеи устувори инсониву миллии халқи мо, давлати мо, масъулияти баланди башарии ӯро хеле равшану возеҳ ва боэътимоду боварибахш баён мекунанд, — мегӯяд Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА дар робита ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҷлил мегардад.

Дар зер андешаҳои пурраи мавсуфро манзури хонандагон мегардонем.

Имрӯз ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар  шаҳрванди мамлакат мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии яке аз гаронба­ҳо­тарин арзишҳои умумибашарӣ – озодии инсон мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш таҳти унвони «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ» 19 марти соли 1993 таъкид намуда буданд: «Набояд фаромӯш кард, ки озодии инсон нахустзаминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст. Маҳз озодии инсон шаклу мазмуни соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатиро муайян мекунад ва давлатҳо ҳамон вақт пешқадам қаламдод мешаванд, ки ба озодии инсон мадад расонанд».

4 ноябри соли гузашта дар «Кохи Борбад» ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда, мардуми шарафманди мамлакатро ба муносибати санаи фархунда самимона шодбош гуфтанд. Таъкид гардид, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми ҷумҳурӣ мебошад.

«Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асо­сиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон ме­бо­шад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурах­шони мамлакат заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷ­тимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лу озодӣ ва тамомияти арзии мамлакат вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд»,-зикр намуданд Сарвари давлат.

Дарвоқеъ, дар ин санади бунёдии давлат мақсаду ва­зи­­фаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди мамлакат, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хо­­ри­ҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд. Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири мамлакат буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати аз ҳама баландэътибори ҳуқуқӣ консепсияи ҳозиразамони ҳуқуқу озодиҳои инсонро инъикос мекунад ва ин сифати Қонуни асосӣ барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ шароити мусоид ба вуҷуд овардааст. Аз ин нуктаи назар барои инсон ҳамчун мавҷуди шаҳрвандӣ муҳайё шудани имкони васеъ барои татбиқи ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар заминаи меъёри конститутсионӣ оид ба баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, дастрасии баробар ба захираҳои моддию молиявӣ  имкон дод, ки қонунгузор дар ҳама соҳаҳои қонунгузорӣ меъёрҳо ва институтҳои нав ҷорӣ намояд.

Дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия аз 6 ноябри соли 2020 омадааст, ки «ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ сабаби даст­гирии ҷомеаи башар гар­ди­даанд.

Ҳамзамон бо ин, чунонки солҳои охир мушоҳида мешавад, дар баъзе кишварҳои олам давлат ва ҷомеа бо сабаби сарфи назар гардидани арзишу меъёрҳои Конститутсия ва риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ ба буҳронҳои шадид ва мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд.

Дар чунин шароит Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Конститутсияи худ сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ мекунад, ба соҳибихтиёриву истиқлоли ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эҳтиром мегузорад ва муносибатҳои худро бо кишварҳои олам дар асоси меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ рушду тавсеа мебахшад.

Дар ин раванд зарур аст, ки тамоми шаҳрвандони мамлакат ба Конститутсия ҳамчун бахтнома ва санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муносибат намоянд, моҳияти иҷтимоии онро амиқан дарк кунанд, ба он эҳтиром гузоранд ва ба хотири тараққиёту инкишофи давлату давлатдорӣ саъю талош намоянд. Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст».

Зимнан бояд гуфт, ки имсол Конститутсияи мо 26-сола шуд, аммо миллати куҳанбунёди мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш Конститутсияи дар ҷаҳон эътирофшудаи худро доштааст.  Матни нусхаи асли Эъломияи ҳуқуқи башар, ки шоҳи нахустини Хаҳоманишӣ Куруши Кабир ҳанӯз солҳои 500-уми то мелод эҷод кардаву ба инсоният пешниҳод карда  буд, имрӯз ҳам дар роҳрави ошёнаи дуюми бинои СММ, мобайни толорҳои Шӯрои бехатарӣ ва аудиторияҳои шӯроҳои иқтисодию иҷтимоӣ  чун намунаи  аввалин конститутсияҳои башар ба маърази намоиш гузошта шудааст. Имрӯз аниқ шудааст, ки ин нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар буда, бунёди аввалин Конститутсияи инсониятро 2500 сол пеш дар ин сарзамин гузоштааст.

Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

— Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард,- иброз намуд дар хотима Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА.

Ноябрь 6, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд