Ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр 58-умин ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти миллии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Федератсияи Россия, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюрои стандартҳои ШБД ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси ШБД, раиси Кумитаи танзими техникӣ ва метрологияи Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Абенов ифтитоҳ намуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Иванов бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳозирин муроҷиат кард ва маросими супоридани мукофотҳоро ба лауреатҳо ва дипломантҳои озмун барои Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хидматрасониро оғоз кард. Қарор дар бораи ин ҷоиза дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ 13 марти соли 2020 қабул шуда буд.
14 корхона ва ташкилот аз чор давлати узви ИДМ: ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сазовори ҷоиза шуданд.
Бо шарофати чунин корхонаҳою ташкилотҳо сифат ва рақобатпазирии маҳсулот ва хидматҳо дар кишварҳои узви ИДМ ҳифзу такмил меёбад, технологияҳои пешрафта ва усулҳои самарабахши идоракунӣ ҷорӣ карда мешаванд, ки дар иқтисодиёти давлатҳои узви ИДМ саҳми назаррас доранд.
Иштирокчиёни ҷаласа зиёда аз 20 масъала, аз ҷумла лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди ШБД дар давраи то 2030, масъалаҳои стандартикунонӣ, татбиқи Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои санҷиш бо мақсади тасдиқ намудани шакли сертификатсияи метрологӣ, санҷиш ва калибрченкунии воситаҳои ченкуниро аз 29 майи соли 2015, вазъи корҳои вобаста ба лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорати мутақобилаи кишварҳои узви ИДМ ва эътирофи мутақобилаи аккредитатсияи мақомоти арзёбии мутобиқат, лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои Ташкилоти (Ассотсиатсияи) минтақавӣ оид ба аккредитатсия (ТМА) ва ғайраро баррасӣ карданд.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Натиҷаҳои муҳими ҷаласа тасдиқи Оинномаи ҳамкории АвруОсиё оид ба аккредитатсия , Нақшаи чорабиниҳо (Харитаи роҳ) оид ба ташкили ТМА -и ШБД барои солҳои 2020-2021, Барномаи кории Гурӯҳи кории ШБД оид ба таъсиси Ташкилоти (Ассотсиатсияи) минтақавии аккредитатсия барои солҳои 2021-2022 буданд.
АКСИ Хадамоти матбуоти Котиботи иҷроияи ИДМ









Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






