Дар Италия ҳолати сироятёбӣ бо штамми нави коронавирус ошкор карда шуд

Декабрь 21, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Италия ҳолати  сироятёбӣ бо штамми нави коронавирус ошкор шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора REGNUM менависад, ки Вазорати тандурустии Италия 20 декабр дар ин хусус иттилоъ додааст.

«Дар таҳлили яке аз сироятёфтагон дар шуъбаи илмии госпитали ҳарбии» «Челио», штамми нави навъи коронавирус муайян карда шудааст», — омадааст дар хабар.

Зикр шудааст, ки бемор ба қарибӣ аз Британияи Кабир омадааст.

Тавре ки хабаргузории IA REGNUM хабар додааст, дар робита бо ошкор шудани навъи нави SARS-CoV-2, сарвазири Британия Борис Ҷонсон дар Лондон ва минтақаҳои ҷанубу шарқи кишвар як қатор маҳдудияти иловагӣ ҷорӣ кардааст. Ба одамон тавсия дода мешавад, ки бештари вақти худро дар хона сарф кунанд, ҳама мағозаҳои ғайри хӯрокворӣ ва сартарошхонаҳо дубора баста мешаванд.

 АКС аз бойгонӣ

Декабрь 21, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон