МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дар бораи қоидаҳои кишти барвақтии картошка ва парвариши он
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, то 18 декабри соли равон дар 160 ҳазору 967 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронида шуд, ки аз ин 784 гектарро картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад. Кишти барвақтии картошка асосан дар водиҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шудааст. Аз ҷумла, то имрӯз дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ ва Ҷайҳун кишти картошкаи барвақтӣ анҷом дода шуд.
Ба гуфти директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, «аҳамияти кишти картошкаи барвақтӣ дар он аст, ки дар моҳҳои май — июн бозори мамлакат бо картошкаи тару тоза таъмин мегардад».
Доктори илмҳои кишоварзӣ иброз медорад, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта, лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад. Инчунин дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани офтоб гармӣ бояд ба болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва пас аз баромадани офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд. Ин барои сабзиши картошка мусоидат мекунад».
Мутахассисони соҳа шинонидани тухмии картошкаи майда ва буридани картошкаро дар кишти тирамоҳӣ тавсия намедиҳанд, чунки аз он ҳосили кам ба даст оварда мешавад.
Ҳамсуҳбати мо доир ба коркарди картошкаи барвақтӣ чунин тавсия дод: «Дар моҳи феврал нишонаҳои сабзиши картошка пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат нарм кардани байни қаторҳо бо техникаҳои махсусе, ки маҳз барои кишти картошка пешбинӣ шудаанд, бояд анҷом дода шавад. Инчунин дар ин давра мо метавонем қаторҳоро бо нуриҳои минералӣ таъмин намоем. Агар замин бо намӣ таъмин бошад, то давраи ғунчабандӣ зарурати обмонӣ вуҷуд надорад. Вале ҳангоме ки ҳарорат баланд ва хушкӣ дар хок пайдо гардид, он гоҳ обмонӣ тавсия дода мешавад».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






