Нафароне, ки бо ВНМО ба сар мебаранд, эҳтимол COVID-19-ро вазнин гузаронанд. 1 декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО (ВИЧ/СПИД)

Декабрь 1, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 01.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи пандемияи COVID-19 нафароне, ки бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) умр ба сар мебаранд, онҳо ба гурӯҳи осебпазир шомил шуда, эҳтимол аст  COVID-19-ро каме вазнин гузаронанд. Зеро вируси мазкур, пеш аз ҳама, системаи иммунии шахсро заиф месозад, ки дар натиҷа кас метавонад ба дилхоҳ бемориҳои сироятӣ мубтало гардад. Тибқи оморӣ расмӣ, дар ин давра аз шахсони бо ВНМО зиндагидошта 22 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 1 тан фавтидааст. Ин дар ҳолест, ки 1 декабрро ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмиллаии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) таҷлил менамоянд. Мақсад аз он иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои сироятёбии он мебошад. Аммо таҷлили ин рӯз соли равон ба даврае рост омад, ки ҷаҳон дар вартаи бемории нав, яъне COVID-19 қарор дорад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки коронавируси навъи COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ таъсири манфии худро ба соҳаҳои гуногуни сайёра расонид.

Тавре директори Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам», доктори илмҳои тиб Рустам Нуров мегӯяд, COVID-19 ба тандурустии аҳолӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳиму калидии ҷомеа мебошад, бештар хисорот расонид. Аз ҷумла, дар доираи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020», ки мақсад аз  он паст намудани шиддати паҳншавии ВНМО дар ҷумҳурӣ ва расондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон мебошад, агар соли 2019  зиёда аз 1 миллион нафар  аз ташхиси тиббии ВНМО гузашта бошанд, дар 9 моҳи соли равон тахминан 600 ҳазор нафар ба ташхиси мазкур фаро гирифта шуданд.

Мавсуф гуфт, ки   новобаста ба ин дар давраи пандемияи COVID-19 масъулини «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам» ҷиҳти ташхису табобати беморони худ тадбирҳои иловагӣ андешидаанд.

«Дар гузашта мо ба беморони худ, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, доруҳоро ба муддати 1-1,5 моҳ медодем, аммо шурӯъ аз моҳи март марказҳои мо бо ташкилоти ёрирасон ба беморон доруҳоро ба муддати аз 3 то 6 моҳ дастрас намуданд, ки дар чунин сурат рафтуомад кам ва масофаи байниҳамдигарӣ риоя мегардад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки беморони мо дар баробари табобати  ВНМО аз  хатари сироятёбӣ ба коронавируси навъи COVID-19 низ эмин бимонанд», — афзуд номбурда.

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз замони пайдоиши бемории ВНМО дар ҷумҳурӣ, яъне аз соли 1991 то имрӯз 12 ҳазору 876 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора  3 ҳазору 547 нафарашон фавтида, боқимонда 9 ҳазору 329 нафар бо ин вирус зиндагӣ доранд. Ҳолатҳои сироятёбӣ бештар дар мардҳо дида мешаванд-  8 ҳазору 228 ҳолат  ва дар занҳо 4 ҳазору 648 ҳолат. Аз рӯи таҳлили коршиносони соҳа, ба ВНМО бештар ҷавонони синни қобили меҳнат (аз 15 то 49-сола) гирифтор мешаванд, ки зиёда аз 82 фоизи шумораи умумии нафарони бо ин вирус зиндагидоштаро ташкил медиҳанд.

Омори шаҳрҳои Тоҷикистон доир ба бештари ҳолатҳои сироятёбӣ аз  ВНМО:

1 Шаҳри Хоруғи ВМКБ 621 ҳолат
2 Шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 285 ҳолат
3 Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 236 ҳолат
4 Шаҳри Душанбе 235 ҳолат

 

Бояд гуфт, ки аз замони пайдоиши ВНМО дар Тоҷикистон ҳукумати мамлакат ҷиҳати ташхису табобати ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ андешида,  то кунун татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт идома доранд. Аз ҷумла, мамлакати мо соли 2001 «Аҳдномаи пайравӣ ба фаъолиятҳоро дар самти мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам»  қабул намуда, дар қатори дигар давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда, «Стратегияи миллии рушд»-ро, ки дар он мубориза бар зидди ин эпидемия дар мувофиқа бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нишон дода шудааст, таҳия ва мавриди амал қарор дод.

Моҳи сентябри соли 2008   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Америка бо таҳлилу баррасии дурбинонаи вазъи мушкилоти ҷаҳонӣ пешгирии бемориҳои ВИЧ/СПИД-ро дорои аҳамияти бузург номида, ҷомеаи ҷаҳониро дар ин ҷода ба муттаҳидӣ даъват карданд. Гузашти вақт собит намуд, ки талошҳои Сарвари давлат дар ин самт самараи хуб ба бор оварданд. Зеро қабул ва татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба Вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2011-2015» нишон дод, ки сатҳи гирифторӣ, идоракунӣ ва ба табобати доимӣ фаро гирифтани шахсони мубталои ин беморӣ дар  ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам» оид ба масъалаҳои эпидемиологӣ Алиҷон Солиев зикр намуд, ки «аз сабаби он ки ВНМО солиёни зиёд метавонад дар ҷисми инсон бе нишона боқӣ монад, мо чанд соли охир ташхисҳои барои муайян намудани муҳлати сироятро ҷорӣ намудем. Натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки 84%-и бемороне, ки мо соли 2018 дарёфт кардем, солҳои пеш аз вируси мазкур сироят ёфта будаанд. Яъне аз ин хулоса бароварда метавонем, ки дар мамлакат ҷиҳати ташхису табобати ин беморӣ тамоми шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуда, он ташхисҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикисон ба роҳ монда шудаанд, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд».  Номбурда аз имконияту шароити фароҳамовардаи давлату ҳукумат нисбат ба ин соҳа ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо тамоми дорувориҳои зиддиретровирусӣ дар Тоҷикистон дастрасанд ва онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи «Стратегияи ҷаҳонии 90-90-90»-и СММ оид ба ВНМО, ки онро USAID саҳмгузорӣ мекунад, то соли 2020 90% шаҳрвандоне, ки бо вируси ВНМО зиндагӣ мекунанд, дар бораи вазъи саломатии худ огоҳӣ меёбанд,  90% онҳое, ки бо ин вирус ташхис шудаанд, доруҳои зиддиретровирусӣ мегиранд ва дар организми 90%-и он нафароне, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, инкишофи вирус боздошта мешавад.

«Ҳамин буд, ки мо тӯли фаъолият ба дастовардҳои зиёде дар ин соҳа ноил гардидем. Муҳимтарини он аз шумораи умумии нафарони бо ин вирус зиндагидошта 87%-ашон комилан безарар мебошанд, ки онҳо наметавонанд вирусро ба дигарон интиқол диҳанд»,-афзуд Солиев.

Вале номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки  агар дар гузашта ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз ҳама бештар миёни нашъамандони тазриқӣ ба қайд гирифта мешуданд, давоми чанд соли охир ин ҳолат дар алоқаи ҷинсии беҳимоя зиёд дида мешавад. Барои мисол, дар 9 моҳи соли 2020 дар маҷмӯъ 890 ҳолати нави сироятёбӣ аз ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 63 ҳолат тазриқӣ, 36 ҳолат аз модар ба кӯдак, 52 ҳолат номаълум ва 739 ҳолат тавассути алоқаи ҷинсӣ мебошанд.

«Мушкилии дигар он аст, ки аз шумораи умумии гирифторони ВНМО 1070 нафарашро кӯдакони то 18-сола ташкил медиҳанд, ки 77 нафари онҳо дар 9 моҳи соли 2020 ба ин вирус олуда шудаанд», — илова намуд Алиҷон Солиев.

Бино ба таҳлили мутахассисони соҳаи тиб, ВНМО тавассути хун,  алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамъизнашуда, инчунин  аз модари сироятёфта  ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбоби тиббии тамъизнашуда ва  ширмаконӣ мегузарад.

Дар ҳамин ҳол омӯзгори кафедраи эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Зарина Ҳасанова мегӯяд, ки аз модари гирифтори ВНМО таваллуди тифли солим имкон дорад. Номбурда дар такя ба маълумоти ҷаҳонӣ мисол овард, ки занҳои ҳомила ҳангоми гирифтор шудан ба ВНМО бе ягон чорабиниҳои пешгирикунанда метавонанд то 50-% кӯдакони солим таваллуд кунанд. Аммо ҳангоми ҳомиладорӣ истифодаи доруҳои зидиретровирусӣ, риояи пурраи талаботи табобат имкон медиҳад, ки то 98-100% тифли солим ба дунё оранд.

«Ин дар суратест, ки ҳангоми ҳомиладорӣ занҳо бояд таҳти назорати табибон бошанд ва доруҳои зидиретровирусиро сари вақт қабул намоянд. Пеш аз таваллуд хулосаи тиббӣ ва  баъди таваллуд ба кӯдак доруҳои пешгирикунанда дода мешаванд. Ҳамзамон навзодон аз шири модар маҳрум карда шуда, ба шири сунъӣ мегузаранд», — афзуд Ҳасанова.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо нафареро мисол меорем, ки худ гирифтори ин вирус буда, феълан ҳам кор мекунад ва ҳам ба тарбияи фарзанд машғул аст. Барои муайян нагардидани шахсият ва халал ворид нашудан ба ҷараёни табобат номи   бемор   махфӣ мемонад.

«Соли 2009 ман дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ аз ташхиси лабораторӣ гузаштам. Афсус, ки баъди таваллуд ба ман занг зада, огоҳ карданд, ки мубталои ВНМО шудаам. Он замон, ки дар бораи ин беморӣ маълумоти кофӣ надоштам, чӣ кор карданамро намедонистам. Аз тарс буд ва ё чизи дигар, ростӣ  тӯли 1 солу 4-5 моҳ ба тарафи марказ наомадам. Ба худ мегуфтам, ки ин беморӣ табобатнашаванда аст, чаро ман табобат гирам? Аммо рӯз аз рӯз вазъиятам бадтар мешуд. Дар ин муддат ман оҳиста-оҳиста вазн партофтам ва дарунравии зиёд пайдо шуд. Ин ҳолат маро маҷбур кард, ки ба духтурон муроҷиат намоям. Ҳамин тавр бо бародари хурдиам ба марказ омадем, духтурон ҳамаашро фаҳмонданд, ки бояд аз рӯи тавсияҳои онҳо амал намоям. Баъди гуфтугӯи зиёд бо бародарам, духтурон ва равоншиносон сари мақсад омадам, ки бояд доруҳои зиддиретровирусӣ истеъмол намоям. Ҳозир дар қайди духтурони «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам»  ҳастам, ҳолатам хуб, кор мекунам ва ба тарбияи фарзандам машғулам», — нақл намуд ҳамсуҳбати мо.

Мавсуф дар идома гуфт, соли аввале, ки ба ҳамин марказ рафтуомад сар кардааст, дере нагузашта, ҳамчун волонтёр дар чандин семинарҳо иштирок карда, фаҳмидааст, ки ВНМО бемории идорашаванда аст.

«Вақте бо дигарон вомехӯрам, ба онҳо тавсия медиҳам, ки он хатоиҳоеро, ки ман аз сари худ гузаронидам, онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин хатоиҳо роҳ надиҳанд. Гоҳе мешавад, ки як ё ду нафар гӯш намекунанд, ба ростӣ, дилам реш-реш мешавад, аммо он нафароне, ки аз рӯи тавсияҳои ман амал мекунанд, бисёр хурсанд мешавам. Буд як оилае, ки мо гуфтугӯ мекардем, зану шавҳар ҳарду гирифтори ин вирус буданд. Гуфтанд аз сабабе, ки волидайнамон дар бораи ин беморӣ маълумоти кофӣ надоранд, аз мо дурӣ меҷӯянд. Вақте ки ба деҳа рафтам ва бо падару модари онҳо  вохӯрдам, пурсидам, ки чаро аз фарзанди худ дурӣ меҷӯед? Дар посух гуфтанд, метарсем яке аз сари дастархон ва ё бо боду ҳаво аз фарзандамон ВНМО ба мо нагузарад. Ман маълумот додам, ки вируси мазкур  тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ,  ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок намегузарад. Пас аз суҳбати ман ин оила оғӯши худро ба рӯи ҷигарбандаш кушод. Ҳозир аз хушбахтии онҳо ончунон шод ҳастам, ки дигар чизе гуфта наметавонам…..»,-илова кард ҳамсуҳбати мо.

Нафароне, ки ба бемории ВНМО гирифтор мешаванд, дар баробари ҷисм ҳолати равонии онҳо низ осеб меёбад.

Чуноне равоншинос Маҳмуди Кабир мегӯяд, тайи чанд соли охир табибон аз он ҳарф мезананд, ки роҳҳои гуногуни табобати вируси мазкур ҷой дорад ва беморон метавонанд шифо ёфта, дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намоянд. Вале номбурда илова намуд, ки то ҳанӯз бо вуҷуди идорашаванда будани ин беморӣ  маълумоти дақиқиқ дар хусуси пурра табобатшаванда будани ВНМО ҷой надорад. Ин омил ба он сабаб мегардад, ки гирифторони Вируси масунияти одамро аксуламали равонӣ, яъне тарс ва рӯҳафтодагӣ, асабоният ва заиф шудани ҷисмашон таҳдид мекунад. З-ин рӯ мавсуф тавсия медиҳад, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ, пеш аз ҳама, ба аҳолӣ маълумоти зарурӣ дастрас бошад ва беморон аз он ба хубӣ истифода баранд. Дар ин баробар нақши ВАО низ дар  ин самт бориз аст, зеро онҳо метавонанд бо расонидани иттилои дурусту саҳеҳ тарсу асабониятро аз беморон дур созанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд солҳои охир афзоиши бемории Вируси норасоии масунияти одам боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида бошад ҳам, аммо ба гуфтаи олимони соҳаи тиб, он идорашаванда мебошад.  Акнун, ки имрӯзҳо инсониятро хатари бемориҳои сироятӣ ва ҳар гуна ангезандаҳои табобатнашаванда таҳдид мекунад, набояд нисбат ба ин масъала бепарвоӣ зоҳир намоем. Зеро дар баробари ВНМО имрӯзҳо даҳҳо ангезандаи дигаре мавҷуданд, ки онҳо низ табобати душвор, гарон ва ё табобатнашаванда мебошанд. Чуноне илми тиб муайян намудааст, танҳо тавассути алоқаи ҷинсии беҳимоя имкони сироятёбӣ ба зиёда аз 30 намуди беморӣ ҷой дорад- шурӯъ аз ВНМО то ба оташаку гепатитҳо.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ