Пажӯҳишгари тоҷик Беҳрӯз Табаров ҷоизаи Озмуни умумироссиягии «Умник-2020»-ро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур Беҳрӯз Табаров зимни иштирок дар Озмуни умумироссиягии «Умник-2020» ғолиб омада, ҷоизаи озмунро ба маблағи 500 000 рубли русӣ ба даст овард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Лоиҳаи Беҳрӯз Табаров «Таҳияи модули реактор-тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ» ном дошта, миёни даҳҳо ҳазор лоиҳаҳои илмию инноватсионӣ аз тамоми Россия яке аз беҳтаринҳо ва сазовори ҷоизаи озмуни мазкур дониста шуд. Ӯ ҳамчунин баъди ба даст овардани ҷоизаи мазкур дар қатори 252 нафар ғолибони ин озмун имкон пайдо кард, ки лоиҳаи илмияшро дар амал татбиқ намояд.
Барнома-озмуни давлатии «Умник» ҳамасола бо ҷалби олимон аз тамоми Россия баргузор мегардад. Ҳадаф аз ин иқдом кумак расонидан дар рушди тиҷорати хурди инноватсионии олимон ва ихтироъкорон, махсусан ҷавонон мебошад. То имрӯз дар он 70 ҳазор нафар ширкат варзида, беш аз 12 ҳазор нафари онҳо ҷоизаи фондро ба даст овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Беҳрӯз Табаров иштирокчии даҳҳо конфронсу форумҳои илмӣ-пажӯҳишӣ буда, соли 2019 риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амури Федератсияи Россияро бо баҳои аъло хатм ва рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ҳамчунин соли равон аз ҷониби собиқ Губернатори минтақаи Хабаровск дар қатори олимони ҷавон чун олими минтақа қадрдонӣ гардидааст.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






