СУТ: Дар як рӯз беш аз 539 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон сабт шудааст

Декабрь 14, 2020 11:29

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон аз марзи 72,6 миллион гузашт ва дар як шабонарӯз беш аз 539 ҳазор зиёд шуд. Тавре  АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ин маълумотро имрӯз, 14 декабр Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) интишор намудааст.

То соати 10:00 (вақти Душанбе) 14 декабр, ба СУТ дар бораи 72 646 648 ҳолати сироятёбӣ ва 1 618 908 фавт маълумот ворид шудааст. Шумораи одамоне, ки дар як шабонарӯз сироят ёфтаанд, 539.289 нафар ва фавтидагон 7650 тан афзудааст.

Аксари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 16 737 267. Пас аз он — Ҳиндустон (9 884 716), Бразилия (6 901 990), Россия (2 653 928), Франсия (2 376 852), Британияи Кабир (1 849 403), Италия (1 843 712), Туркия (1 836 728), Испания (1 741 439), Аргентина (1 498 160), Колумбия (1 425 774), Германия (1 338 483) ва Мексика (1 250 044) ҷойгиранд.

                                                                               АКС: coromir.ru

Декабрь 14, 2020 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»