Ҷамолиддин Абдуллозода омилҳои ба коронавирус сироят наёфтанашро шарҳ дод

Январь 30, 2021 12:51

ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дирӯз дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иброз дошт, ки ба коронавирус сироят наёфтааст.

Абдуллозода гуфт, ки сарфи назар аз робитаҳои наздик бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва онҳое, ки дар гурӯҳи  осебпазир қарор доштанд, дар тӯли тамоми давраи пандемия ҳеҷ гоҳ бемор нашудааст.

«Ман ба коронавирус сироят наёфтам, зеро тамоми чораҳои гигиениро дақиқан риоя мекардам»,- гуфт вазир.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз 99,3% сироятёфтагон ба коронавируси нав дар кишвар комилан сиҳат шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар 0,68% фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст ва ин яке аз пасттарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора шоми дирӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Январь 30, 2021 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон