Ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон трактор ва комбайн супориданд

Январь 5, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 5.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  доираи Лоиҳаи  «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон трактори тамғаи МТЗ ва комбайн супорида шуд. Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Сулаймон Зиёзода ва роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштич 9 адад трактори тамғаи МТЗ, 8 комбайн ва ба ноҳияи Шаҳристон 7 адад трактори тамғаи МТЗ тақдим гардид.

Раиси вилояти Суғд зимни супоридани  техникаҳои кишоварзӣ таъкид кард, ки  бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои таъмин намудани кишоварзон бо техникаҳои зарурӣ аз тамоми имконият истифода бурда мешавад. Дар ин росто бо ҷалби шарикони рушд ва татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ба ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон дар маҷмӯъ 16 трактори тамғаи МТЗ, 8 комбайн ва дигар мошинолот ворид ва ба хоҷагидорони ин ноҳияҳо дастрас гардид,анд.

Ин техникаҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладарав ва мошинолот ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунанд.

Созишномаи молиявӣ оид ба Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба имзо расида, дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Деваштич, Шаҳристон, Дӯстӣ, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷайҳун амалӣ карда мешавад.

Январь 5, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад