Ба китобхонаи қисми низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ китобҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд

Январь 15, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 15 январ дар қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо иштироки аҳли зиё маҳфили судманд доир гардида, ба китобхонаи қисми низомии мазкур китобҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Дар маҳфил раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Шӯрои кумитаи куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода ва роҳбарони қӯшунҳои дохилии вазорат иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи сарбозон, анбори озуқаву сабзавот, ҳаммому сартарошхона ва хобгоҳи сарбозон дидан намуданд.

Зимни суҳбату вохӯрӣ бо афсарону сарбозон аҳли зиё вобаста ба ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз қабили Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, рӯҳияи сарбозонро баланд бардоштанд.

Ҳамзамон сарбозон бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан муҳаббату садоқати хешро ба миллату давлат нишон доданд.

Январь 15, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд