Дар гармхонаҳои гулпарварии Турсунзода 300 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 29.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагию хуррамгардонӣ бо маром идома дошта, айни ҳол дар гармхонаҳои гулпарварии Муассисаи манзилию коммуналии шаҳр 300 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ, аз қабили тагес, виола, петуния, салвия, 140 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг ва зиёда аз 100 ҳазор гули лола парвариш ёфта истодаанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода аз гармхонаҳои гулпарварӣ дидан намуда, бо ҳолати сабзиши онҳо шинос шуд. Номбурда ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати тибқи талаботи агротехникӣ ба роҳ мондани парвариши гулҳо, инчунин сабзу хуррам гардонидани шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари ин, ҷиҳати хуррамгардонӣ, тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон дар назди корхонаву ташкилот ва муассисаву хоҷагиҳои шаҳр гармхонаҳои хурди гулпарварӣ бунёд гардида, нигоҳубин ва сабзиши гулҳо таҳти назорати доимии мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр қарор доранд.









МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






