Деҳқонони Тоҷикистон ба боғҳо ва токзор яхоб мемонанд
ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои деҳқон Толибҷон Воҳидов аз хоҷагии деҳқонии «Ҳадисабону» ва ҳамкоронаш аз минтақаи доманакӯҳи Истаравшан мавсими кор фаро расид. Аз мавҷудияти қабати барф истифода бурда, онҳо корҳои оммавиро барои гузаронидани обёрии зимистонӣ — яхобмонӣ дар боғҳо ва токзори хоҷагиҳои худ ташкил карданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Платформаи байналмилалии иттилоотию таҳлилии тиҷроати меваю сабзавот «EastFruit» менависад.
Онҳо дар чуқурчаҳои азими атрофи системаи решаи дарахтони мевадиҳанда ва ангур барф меандозанд ва онро шибба мекунанд, менависад муаллифи мақола.
Бисёре аз боғҳо ва токзори шаҳри Истаравшан дар доманакӯҳҳо ҷойгиранд ва дар тобистон ба онҳо аксар вақт намӣ намерасад.
«Бисёре аз деҳқонони мо боғҳо ва токзори худро бо усули маъмулӣ парвариш мекунанд, дар фасли зимистон барои давраи тобистон об захира менамоянд ва намнокиро нигоҳ медоранд, — мегӯяд Толибҷон. — Дар давраи баҳору тобистон аксари хоҷагиҳо аз сабаби нарасидани об имкон доранд, ки боғҳо ва токзори худро танҳо 1-2 маротиба об монанд. Намнокии дар давраи зимистон дар хок нигоҳдошташуда аксар вақт барои гирифтани хосили фаровон ҳатто дар хушксолӣ басанда аст. Решаҳои дарахтон, ки ба замин чуқур мераванд, намиро гирифта, ба шохсор таъмин мекунанд.
«Аммо ин усулҳои кишоварзӣ хатарноканд. Ба ҳамаи мо зарур аст, ки фаъолона ба усулҳои муосири парвариши боғҳо ва токзор, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва обёрии қатрагии онҳо гузарем», — идома медиҳад Толибҷон Воҳидов.
Худи Толибҷон чанд сол қабл дар 1,5 гектар заминҳои талу теппаҳо боғи интенсивӣ ва токзор бунёд карда, барои ҷамъ кардан ва нигоҳ доштани об зарфҳо насб ва системаи обёрии қатрагиро ба роҳ мондааст. Боғ ҳанӯз ҷавон аст, аммо аллакай мояи ифтихори соҳибаш гаштааст.
Соли 2019, ки барои боғдорон ва ангурпарварони шаҳри Истаравшан номусоид буд, Толибҷон тавонист ҳосили баланд ба даст орад. Тоҷирон аз ӯ «Ҳусайнии сиёҳ»-ро бо нархи 5 сомонӣ (0,44 доллари ИМА) барои фурӯш дар Қирғизистон ва бо ҳамон нарх ангури «Тоифӣ»-ро харидорӣ карданд. Ҳамзамон тамоми ҳосилро худи харидорон ҷамъ оварда, ба навъҳо ҷудо карданд, бастабандӣ намуданд ва дар яхдон барои содирот ба Россия ҷой доданд.
Соли 2021 Толибҷон умедвор аст, ки ҳосили аз ин ҳам бештар ба даст меорад, зеро дар боғҳои интенсивӣ ва токзори ӯ мавсими ҳосилдиҳӣ шурӯъ мешавад.
Боғдорон ва ангурпарварон дар аксар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ айни замон яхобмониро ба роҳ мондаанд. Ин усули агротехникӣ на танҳо имкон медиҳад, ки намнокӣ нигоҳ дошта шавад, балки ба деҳқонон дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони кишоварзӣ низ кумак мерасонад.
Муаллифи мақола ва акс аз «EastFruit»










Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






