«ММК Агро»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масоҳати гармхонаи инноватсиониро ба 10 гектар мерасонад
ДУШАНБЕ, 7.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду гектар замини гармхонаи замонавии ҶДММ «ММК Агро» парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ ба роҳ монда шуда, 25 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Муассисони гармхона иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила масоҳати гармхонаи инноватсиониро ба 10 гектар мерасонанд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода 6 январ аз ҶДММ «ММК Агро», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти гармхонаи мазкур шинос гардид.
Гармхонаи замонавӣ моҳи марти соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Гармхона ба ду қисм — гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шудааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки фаъолияти чунин гармхонаҳои инноватсионӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат намуда, барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот таъсири мусбат мерасонанд.
Ёдовар бояд шуд, ки соли 2020 дар вилоят 456 гармхона фаъолият намуда, дар 287 гармхона парвариши сабзавот ва дар 169 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст.








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






