Парандагонро аз сардиҳои зимистон ҳифз менамоем
ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сардиҳои фасли зимистон аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар минтақаи кӯҳии Куйбишеви ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, 200 килограмм хӯроки дурушти чорво ва 150 кг гандум дар кӯҳу пуштаҳо пошида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доанд.
Дар ин мавзеъ асосан парандагони нодир, ба монанди кабк, мурғи ҳилол ва дигар парандагони ваҳшӣ сукунат менамоянд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ барои аз сардии фасли сармо эмин нигоҳ доштани олами ҳайвонот ва парандагон мусоидат менамояд.















Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






