ШУМО МУТОЛИАРО ДӮСТ МЕДОРЕД? Марҳамат ба маҳфили доимии «Шоме дар китобхона…»

Январь 15, 2021 10:47

ДУШАНБЕ, 15.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзи сешанбе  дар  Китобхона маҳфили доимии  «Шоме дар китобхона…»  баргузор карда мешавад. Маҳфилҳои мазкур ҷолибу шавқовар баргузор карда мешаванд, ки ҳар як иштирокчӣ метавонад дар як барнома дар бораи аз 5 то 10 асари бадеӣ маълумоти дақиқ пайдо кунад. Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок дар маҳфили мазкур  бо телефонҳои 2216702; (+992) 000666809 муроҷиат намоянд.

 Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин маҳфил  дар партави  иқдоми маърифатпарваронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҷавонону наврасони пойтахт  ва ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур  таъсис ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки авалин маҳфили доимии «Шоме дар китобхона…»  дар соли 2021 12 январи соли равон  дар Китобхонаи миллӣ доир гардид, ки  дар он  25 нафар адибони ҷавон, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, омӯзгорон ва ҷавонону наврасони фаъоли пойтахт ширкат варзида, ашъор ва эҷодиёти шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ тибқи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик мавриди омӯзиш қарор доданд.

Январь 15, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд