СУТ аз пайомадҳои дастрасии нобаробар ба ваксинаи коронавирус огоҳ мекунад
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастрасии нобаробар ба ваксинаҳои зидди коронавируси COVID-19 дар байни кишварҳои дорои сатҳи баланд ва пасти даромад кӯшишҳоро дар самти мубориза бо пандемия бар бод медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар дод, ин андешаро Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус 18 январ дар иҷлосияи Шӯрои иҷроияи СУТ баён кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон бо хатари воқеии ин рӯ ба рӯ мешавад, ки ваксинаҳо «санги дигаре дар девори нобаробарӣ байни дороҳо ва нодорҳои ҷаҳон» мешаванд.
Гебрейесус мӯътақид аст, ки тасмими кишварҳо дар мавриди дар қадами аввал эм намудани кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон — дуруст аст. Аммо, иштибоҳ дар ин аст, ки одамони ҷавон ва солим дар кишварҳои сарватманд нисбат ба духтурон ва одамони калонсоли кишварҳои камбизоат пештар бо ваксинаи зидди коронавирус эм карда мешаванд.
То имрӯз «зиёда аз 39 миллион вояи ваксина ба сокинони ҳадди аққал 49 кишвари дорои сатҳи баланди даромад гузаронида шудааст» ва ин дар ҳолест, ки «танҳо яке аз кишварҳои дорои сатҳи камтарини даромад 25 воя гирифтааст». «На 25 миллион, на 25 ҳазор, балки ҳамагӣ 25-то», — гуфт Гебрейесус.
Роҳбари СУТ илова кард, ки ҷаҳон «дар лаби ҷарии фалокатбори суқути ахлоқӣ қарор дорад», ки қимати он ҷонҳои инсонӣ хоҳад буд.
Қаблан, СУТ бо дарназардошти раванди паҳншавии уфунат эҳтимоли душвортар омадани соли дуюми пандемияро нисбат ба соли аввали он истисно накарда буд ва пешгӯӣ намуда буд, ки шумораи фавтидагон аз коронавирус метавонад дар як ҳафта ба 100 ҳазор тан бирасад.
11 январ хабар дода шуд, ки зиёда аз 40 кишвар эмгузарониро шурӯъ намудаанд.
АКС аз Youtube.com








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






