Агентии «Тоҷикстандарт»: воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Февраль 8, 2021 14:09

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти «Тоҷикстандарт»-и Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ ба қаламрави мамлакат дар соли гузашта хабар медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, директори  Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти «Тоҷикстандарт» дар соли сипаригардида зикр намуд, ки  дар натиҷаи гузаронидани  назорати  давлатӣ дар соли 2020  2 миллиону 355 ҳазору 256 кг маҳсулоти ғизоии гуногуни  пастсифат ба қайд  гирифта шуда, ки  1 миллиону 708  ҳазору 932 кг  аз ҷиҳати  бехатарӣ ва 646 ҳазору 324 кг аз рӯи тамғагузорӣ  ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Аз ин рӯ нисбат ба воридкунандагону истеҳсолкунандагон тибқи тартиби  муқарраргардида тадбирҳои маъмурӣ андешида шудаанд.

Ҳамзамон дар озмоишгоҳҳои  ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи  сифату бехатарӣ  ва тамғагузорӣ беш аз 450 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазору 681 кг равғани растанӣ,  беш аз 22 ҳазор литр  нӯшокиҳои спиртӣ, 26151  литр нӯшокиҳои  ташнагишикан, қариб 45 ҳазор кг маҳсулоти қаннодӣ, зиёда аз 8,4 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, 141 ҳазору 225 кг чой, какао, қаҳва, зиёда аз 10 ҳазор кг иловагиҳои  ғизоӣ, қариб 180 ҳазор кг намак, 38 ҳазор кг консерваҳо, 1033 кг қанду набот, 2738 кг маҳсулоти макаронӣ, 7872 кг орди гандумӣ, 103 840 дона қандакҳои чинӣ, 45072 дона тухми мурғ  ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шудаанд. Таъкид гардид, ки қисмати бештари маҳсулоти ғайристандартӣ арзёбӣ гардида маҳсулоти воридотӣ маҳсуб мешаванд.

Зикр шуд, ки дар самти назорати  бозори истеъмолӣ  дар ин давра фаъолият тақвият дода шуда,  дар асоси талаботи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти  субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади таъмини риояи  ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон  ва ҳимояи бозори истеъмолӣ  аз воридшавии  маҳсулоти пастсифат  аз тарафи нозироти савдо  дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ  6853 субъекти хоҷагидор  санҷиш ва аз назорати  қоидаҳои савдо гузаронида шудааст.

Февраль 8, 2021 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад