Кишоварзони ноҳияи Лахш имсол барои кишт қариб 12 ҳазор тонна картошкаи тухмии навъҳои маҳаллӣ захира намудаанд
ЛАХШ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 221 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То соли сипаригардида 150 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, боқимонда соли 2021 ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад, зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Лахш зикр шуд, ки соли 2020 картошкапарварони ноҳия 101 741 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли 2019 1730 тонна зиёд ҷамъоварӣ шудааст. Ҳосилнокии картошка аз ҳар гектар 180-сентнериро ташкил намудааст. Кишоварзони ноҳия барои кишти картошка дар соли 2021 11 ҳазору 890 тонна картошкаи тухмии навъҳои маҳаллӣ захира намудаанд. Инчунин дар ин давом аз ноҳияи Лахш ба навоҳии ҷумҳурӣ 76 641 тонна картошка содир шуда, имрӯзҳо содироти он идома дорад.
Боғпарварони ноҳияи Лахш соли 2020 6063,5 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса бо соли 2019 7,8 тонна зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки сокинони ноҳияи Лахш баҳри созандагию бунёдкорӣ кӯшиш намуда, ба ҷойи гузаронидани маъракаҳои ҳафту чилу солу дигар маросим бо кумаки техникии ҳукумати ноҳия, ҳашарҳои умумии сокинони деҳаҳо ва саҳми саховаткунандагон 146 километр роҳҳои маҳаллиро ҳамвор карданд, ки ин амал минбаъд низ идома меёбад.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






