Пешвои миллат дар Паёми худ дурнамои рушди илм ва вазифаҳои олимонро дар пешбурди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ муайян карданд. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ин мавзӯъ

Февраль 6, 2021 14:55

ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз дошт. Андешаҳои ӯро дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба фаъолияти олимони тоҷик дар соли 2020 ва вазифаҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, манзури хонандагон мегардонем.  

Мусаллам аст,  ки паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар,  нақшаҳои рушди устувори минбаъда,  вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошта мушаххас ва муайян карда мешаванд.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи мамлакат дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ  омодагӣ мегиранд. Аз ҷумла, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат тамоми имконот ва неруи илмию зеҳнии худро барои анҷом додани  таҳқиқоти бунёдию  амалӣ аз рӯйи самтҳои муайянкардаи ҳукумати кишвар,  омӯзиши масъалаҳои муҳими тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун намудани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, қавӣ гардонидани таъсири илм ва дастовардҳои илмӣ дар самтҳои гуногуни рушди ҷомеаи тоҷикистонӣ равона намуда, ҷиҳати бо дастовардҳои назарраси илмӣ истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ омодагии зарурӣ дида истодаанд.

Дар мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, ки  18 марти соли 2020 дар Кохи Борбад доир гардида буд, масъалаҳои муҳими ҳаёти илмӣ ба миён гузошта шуда, дурнамои рушди илм ва вазифаҳои олимон дар пешбурди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла,  аз ҷониби Сарвари давлат ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз тарафи ҷомеаи илмии кишвар бо рӯҳбаландӣ қабул карда шуд ва ин ибтикори дурандешона, хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат дар рушди илмҳои табиию риёзӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат қадами хеле ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Дар оғози ироаи Паёми навбатӣ  Сарвари давлат вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро дар соли  2020 мавриди баррасӣ қарор дода, зикр карданд, ки ин сол  барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар  натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии  иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида,  ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.  Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ,  гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфӣ расонида истодаанд. Дар чунин вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор  чораҳои фавриро роҳандозӣ кард ва Тоҷикистон аз ин вазъият бо сарбаландӣ баромад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир устувории  нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давраи мураккаб баробари дар кишвар пайдо шудани нахустин гирифторони ин беморӣ олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми фаъолияти худро барои пешгирӣ ва мубориза бо ин беморӣ равона намуданд. Аввалан, Муроҷиатномаи Академияи миллии илмҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардид ва дар он даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин давраи барои кишвар хеле ҳассос бояд якҷо бошем, оромию ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум, таҳаммулпазирии он бовар доштанд ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, якдилона ва содиқона муттаҳид гардем.     Вобаста ба  пешгирии  бемории сироятии коронавируси COVID-19  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имконияти дохилӣ соли 2020 ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шурӯъ намуд ва илова бар ин, бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқраро ба роҳ монд. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад ва айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод карда шудааст. Олимони Академияи миллии илмҳо тӯли солҳои охир оид ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахш як силсила корҳоро анҷом дода, Атласи гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва нашр намудаанд, ки дар он оид ба хосиятҳои фармакологӣ ва имконияти дар саноати дорусозӣ истифода кардани 200 намуди гиёҳҳо маълумот гирд оварда шудааст. Олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании «Камоли тоҷикон» собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», марҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро тайёр намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷойи баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад. Айни замон доир ба таъсиси Маркази илмии вирусологӣ ва бактериологӣ, инчунин, омода намудани мутахассисон дар ин самтҳо, дар хориҷи кишвар, махсусан, Ҷумҳурии Беларус, Россия ва Чин корҳо шурӯъ гардидаанд. Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст.

Тавре Сарвари давлат дар Паёми худ ишора карданд, яке аз масъалаҳои асосӣ дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти устувори кишвар афзун гардонидани ҳиссаи  маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Олимони ҷумҳурӣ бояд барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда низ чораҷӯйӣ намоянд. Масалан, олимони соҳаи химияи Академияи миллии илмҳо  метавонанд технологияи истеҳсоли нуриҳои маъданӣ – суперфосфатро ба роҳ монанд, зеро дар Тоҷикистони мо конҳои фосфорит хеле зиёданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ба Саридораи геология  супориш дода шуд, ки корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин, назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад. Дар ин самт, албатта, олимони соҳаи геологияи Академияи миллии илмҳо низ мусоидат карда метавонанд. Масалан, соли 2020 аз тарафи олимони соҳаи геологияи Академияи миллии илмҳо ду минерали нав –“шахдараит” ва “ҳасановит”  дар Тоҷикистон кашф карда шуд. Минерали шахдараит аз минтақаи ҷанубу ғарби Помир, ноҳияи Роштқалъа ва минерали ҳасановит аз маҳалли Кӯҳи Малик, ноҳияи Айнӣ кашф карда шуд.

Бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи  аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ ҳукумати кишвар азм дорад бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Бо вуҷуди ин,  дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд,  ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад. Дар ин самт олимони Академияи миллии илмҳо  омода анд манбаъҳои алтернативии энергия (энергияи офтобӣ, шамолӣ, гармчашмаҳо ва монанди инҳо) -ро барои истеҳсоли неруи барқ таҳқиқ ва татбиқ намоянд. Дар ин самт олимони соҳаи физика мусоидат карда метавонанд.

Иброз карда шуд, ки  дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотонии рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ буда, барои гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ,  рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади буҷет,  беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият,  содагардонии расмиёт ва ҷалби технологияҳои муосир мусоидат менамояд.  Вобаста ба ин ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар,  рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” тадбирҳои  зарурӣ андешад.

Зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантону докторантҳо пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 стипендияи онҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин, албатта, масъулияти ҷавонону донишҷӯёнро дучанд менамояд ва онҳоро барои арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат, омӯхтани он,  инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳою ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон,  яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат ҳидоят мекунад.

Дар Паёми Сарвари давлат инчунин ба масоили фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо назардошти боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон,  олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Президенти мамлакат пешниҳод намуданд,  ки ҳамасола таҳти унвони «Илм—фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Зикр гардид, ки«озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд:  дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд,  ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Чун ҳарвақта ба ғолибони озмунҳо ва ҷавонони лаёқатманд ғамхорӣ зоҳир намуда, Ҳукумати мамлакат,  Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ,  аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуданд, ки онҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда,  барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳадафи Сарвари давлат аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар мамлакат мебошад.

Бо мақсади омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос   ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушдии қтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда,  дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар ҳақиқат бе омода кардани кадрҳои ҷавони илмӣ мо наметавонем  рушди минбаъдаи илми ватаниро таъмин намоем. Махсусан тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ ва мутахассисон дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва техникӣ имкон медиҳад, ки мо минбаъд  ҳадафи чоруми стратегии давлат – саноатигардонии босуръати кишварро бомуваффақият таъмин намоем.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникӣ,  озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо пайваста таҳким бахшида шуд. Бояд зикр намуд, ки дар 10 соли охир  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳо  бо мақсади ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ дар самтҳои барои ҷумҳурии мо зарур муассисаҳои илмию таҳқиқотии нави зерин таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо, Маркази рушди инноватсионии илм ва  технологияҳои нав, Маркази инноватсионии биология ва тиб, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ,  Хадамоти геофизикӣ, Маркази  омӯзиши пиряхҳо.Дар ин давра, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои озмоишгоҳию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо таҳким ёфтанд. Аз ҷумла, бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии расадхона ҷиҳати гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ,  бо иштироки Пешвои миллат Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, воқеъ дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғара, аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба фаъолият шурӯъ намудани расадхона имкон медиҳад, ки  илми астрофизикаи ватанӣ  рушд карда, шуҳрати мактаби ситорашиносии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошта шавад. Як  озмоишгоҳи муосир барои олимони табиатшинос таъсис дода шуд, ки он дорои дастгоҳҳо ва таҷҳизоти озмоишгоҳҳии муосир буда, барои олимони соҳаҳои геология, химия, физика ва биология пешбинӣ гардидааст. Бо истифода аз ин таҷҳизоти муосир самаранокии фаъолияти олимони ин соҳаҳо зиёдтар ва имкони таҳлилу ташхиси таркибӣ ва сифатии моддаҳо, инчунин, саҳҳеҳияти натиҷаҳои таҳқиқот  амиқтар  мегардад. Таъсиси озмоишгоҳи муосири сейсмикӣ дар мавзеи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо насби таҷҳизоти муосири сейсмикӣ имкони мониторинги заминларзаро дар қаламрави кишвар ва ҳудудҳои ҳаммарзи он хубтар намуда, коркарди саривақтии маъмумотро таъмин месозад. Танҳо соли ҳисоботӣ дар ҳудуди кишвар зиёда аз 21000 заминларза, аз ҷумла, 31 заминларзаи эҳсосшаванда аз тарафи шабакаи сейсмикии Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳо ба қайд гирифта шуда, то имрӯз маълумот доир ба зиёда аз 12000 заминларза коркард карда шуд, ҳол он ки то фаъол гардидани ин шабака ин корро дар даҳсолаҳо ба анҷом мерасониданд.

Сарвари давлат олимонро ҳидоят намуданд, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди  иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Дар Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат вобаста ба масъалаи ифтихори ватандорӣ зикр гардид, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ифтихор дорад, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин далел низ мояи ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.

Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро нисбат ба илм сармашқи кори худ намуда, изҳори итминон менамоянд,  ки бо осору таҳқиқоти илмӣ ва мавқеи ватандӯстонаи худ аз илми ватанӣ дифоъ мекунанд ва дар адои ин рисолати шаҳрвандӣ талоши бештар меварзанд. Ҳамчунин минбаъд пурсамар меҳнат карда, дар таҳкими истиқлолияти давлативу сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро  мегузоранд.

Февраль 6, 2021 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин